ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, чоршанбе, 334-умин рӯзи соли 2022 аст

Ноябрь 30, 2022 08:00

30 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Парижи Фаронса дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим (Конфронси 21), ки ба мушкили бузурги сайёра — тағйирёбии иқлим бахшида шуд, суханронӣ карданд.

***

6 сол пеш, 30 ноябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз  анҷом додани боздиди корӣ дар шаҳри Будапешти Венгрия бо сафари расмӣ ба шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия рафтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2001 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия  саммити ҷашнии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

 30 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот.

***

Рӯзи байналмилалии ҳайвоноти хонагӣ.

***

Дар Яман –Рӯзи истиқлол.

 РӮЙДОДҲО:

30 ноябри соли 2012 котибони матбуотӣ ва роҳбарони маркази матбуотии вазорату идораҳои мамлакат ташкилоти ҷамъиятии худ – Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистонро таъсис доданд.

***

30 ноябри соли 2016 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» симпозиуми илмӣ- амалӣ баргузор гардид.

***

5 сол пеш, 30 ноябри соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри  Минск иштирок намуд.

***

30 ноябри соли 1731 дар натиҷаи заминҷунбӣ қисмати зиёди Пекин хароб гардида, бештар аз 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1922 Ташкилоти байналмилалии кумак ба ҷанговарони инқилобӣ таъсис дода шуд.

***

30 ноябри соли 1966 Барбадос истиқлол ба даст овард.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1872 дар шаҳри Глазгои Шотландия аввалин мусобиқаи расмии байналмилалӣ оид ба футбол баргузор гардид. (Шотландия — Англия 0:0).

Ноябрь 30, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш