«TAJIKISTAN FASHION WEEK». Дар он куртаҳо аз матоъҳои абрешимӣ пешкаши дӯстдорони олами мӯд гардонида шуданд

Ноябрь 18, 2022 15:10

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли нуҳуми «TAJIKISTAN FASHION WEEK»- Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе аз 15 то 17 ноябр доир гардид, 22 нафар тарроҳон аз кишварҳои Тоҷикистон, Россия, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон ширкат намуда, беҳтарин намунаҳои либосҳоро пешкаши дӯсторони олами мӯд гардониданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи ин Намоиши байналмилалии фарҳангию саноатӣ намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, тарроҳони кишварҳои хориҷӣ аз Россия, Эрон, Қазоқистон, Узбекистон ва ҳунармандону санъаткорон иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2018 дар ҷумҳурӣ Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон гузаронида мешавад ва имсол фасли нуҳуми он баргузор гардид.

Фасли нуҳуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон ба атласу адрас ва матоъҳои абрешимӣ бахшида шуд. Тамоми либосҳое, ки дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон намоиш дода шуданд, аз атласу адрас ва матоъҳои абрешимӣ омода гардидаанд.

Тавре сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Малика Ёрбобоева мегӯяд, «фасли нуҳуми Ҳафтаи байналмилалии мӯд дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттиҳодияи эҷодии «Т&Z», дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафаш муаррифии матоъҳои абрешимии тоҷик, хусусан атласу адрас мебошад. Истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ фарҳанги қадимии халқи тоҷик маҳсуб шуда, бо таърихи Роҳи Бузурги Абрешим иртибот дорад. Намунаҳои матоъҳои абрешимӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ёфт шудаанд, ба асрҳои II-III мелодӣ рост меоянд. Инчунин намунаҳои матоъҳои анъанавии халқи тоҷик дар осорхонаҳои машҳури олам, назири Осорхонаи Виктория ва Алберти Лондон, Эрмитажу Осорхонаи бостоншиносии шаҳри Санкт – Петербург ва Осорхонаи Метрополитени Амрико намоиш дода шудаанд».

Дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон 22 нафар тарроҳон ва брендҳои машҳур ширкат намуданд, ки 16 нафарашон аз Тоҷикистон буда, коллексияҳои нави худро пешниҳоди дӯстдорони олами мӯд намуданд. Инчунин дар доираи ин Намоиши байналмилалии фарҳангию саноатӣ 27 нафар донишҷӯёни беҳтарини риштаи тарроҳии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҳсули дастони худро ба маъраз гузоштанд. Ҳамзамон машварати корӣ бо тарроҳон ва истеҳсолкунандагони саноати сабуки ватанӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ ва дурнамои рушди соҳа баррасӣ гардиданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

 

Ноябрь 18, 2022 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд