Тоҷикистон зарфияти сайёҳии худро дар Россия ба намоиш мегузорад

Ноябрь 3, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сайёҳии Travel Hub «Иттиҳод», ки 9-10 ноябр дар Санкт-Петербург баргузор мешавад, иштирок мекунад. Ҳамоиш дар Қасри Таврический- қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳӣ гӯшаи намоишиашро пешниҳод карда, дар ҷаласаи муаррифии «Хатсайрҳои нав» иштирок менамояд.

Миёни масъалаҳои баррасишавандаи рӯзномаи ҷаласа- иқтидори сайёҳии кишварҳо ва минтақаҳои Иттиҳод, сайёҳии тиббию экологӣ, тамоюли ҷаҳонии соҳа дар замони барояш душвор, дурнамои вазъи воридотивазкунанда дар ҳама сатҳҳо ҳастанд. Дар назар аст, ки дар чорабинӣ роҳбарони вазоратҳои дахлдори кишварҳои иттиҳод, намояндагони маъмурияти Санкт-Петербург ва кумитаи иҷроияи ИДМ, инчунин мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, кормандони меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо, ҳавопаймоҳо ва дигар ширкатҳо иштирок намоянд.


Зикр менамоем, ки Travel Hub «Иттиҳод»- барномаест, ки соли 2019 барои ба ҳам муттаҳид кардани ҳамаи иштирокчиёни соҳаи сайёҳии ИДМ таъсис ёфтааст.

Ҳадафи асосии нишаст, мизҳои мудаввар ва семинарҳо, ки таҳти сарпарастии он баргузор мегарданд, рушди робитаҳои нав миёни иштирокчиёни бозори сайёҳии кишварҳои иттиҳод дар шароити қисман баста шудани марзҳо ва хуруҷи баъзе намояндагони байналмилалии ин соҳа мебошад.


Ёдовар мешавем, ки 2 апрели соли 2021 бо ташаббуси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ лоиҳаи TRAVEL HUB «Иттиҳод» ба нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2023 оид ба татбиқи Стратегияи рушди ҳамкории кишварҳо- иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2021-2030 ворид карда шуд (Нақша бо Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ шудааст).

АКС: Travel Hub «Иттиҳод»/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 3, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст