Вақти гузаштан ба ҳисобкунакҳои барқии электронии зеҳнии муосир фаро расидааст

Ноябрь 27, 2022 10:11

ДУШАНБЕ, 27.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе тамоми муштариён бо ҳисобкунакҳои барқӣ таъминанд. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар айни замон ҳисобу китоби неруи барқ тавассути ҳисобкунакҳои барқӣ ба роҳ монда шудааст. Зарурати аз ҳисобкунакҳои барқии электронӣ  ба ҳисобкунакҳои барқии электронии  зеҳнии муосир гузаштан он аст, ки дар системаи энергетикӣ ин амал пешравӣ ва бартарияти худро дорад. Ҳамзамон ҳисобкунакҳои барқӣ ройгон бо ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ иваз карда мешаванд. Дар ин бора роҳбари техникии филиали  Ҷамъияти саҳомии  кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри  Душанбе» Парвиз Қутбиддинов зимни суҳбат ба АМИТ «Ховар» иброз дошт.

— Таъмини неруи барқ ба аҳолӣ   яке аз масъалаҳои муҳим дар шароити кунунист, зеро фасли сармо фаро мерасад ва аҳолӣ ба неруи барқ хеле ниёз дорад. Дар айни замон мо дар марҳилаи зимистонгузаронӣ қарор дорем ва дар ин замина вобаста ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри  Душанбе» нақшаи чорабиниҳо оид ба тайёр намудани зеристгоҳҳои барқии 35/110 кВт, инчунин тамоми шабакаҳои барқии шаҳр таҳия намудааст, ки аз 12 банд иборат аст.  Дар айни замон аз тарафи филиали мазкур нақшаи чорабиниҳо ба андозаи 94 фоиз иҷро гардидааст. Инчунин аз 12 банд 9-тои он ба андозаи 100 фоиз иҷро гардида, 3 банд дар арафаи анҷом қарор дорад.

Ҳолати таъминоти барқи шаҳри Душанбе дар айни замон дар реҷаи кори мӯътадил фаъолият дорад. Бо боварии комил гуфта метавонем,  ки дар ҳамин шабу рӯзе, ки хунукиҳои аввали фасли сармо шурӯъ гардидааст,  таъминоти барқи шаҳр бемонеа ва мунтазам ба роҳ монда шудааст. Кормандони Шабакаҳои барқи шаҳр ҳамарӯза баҳри хушсифат, мунтазам ва бе садама ба роҳ мондани барқ кор бурда  истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки системаи энергетикии шаҳри Душанбе бениҳоят мураккаб буда, яке аз шабакаҳои калонтарини барқ дар шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Дар айни замон дар ҳудуди шаҳр зиёда аз  40 зеристгоҳҳои барқии 110 35 кВт мавриди амал қарор доранд ва таъминоти барқи шаҳри Душанбе тавассути ҳамин зеристгоҳҳои баландшиддат ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин зиёда аз 2856 адад истгоҳҳои  трансформаторҳо, ки худи шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанберо бо барқ таъмин мекунанд, дар тавозуни Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе дохил шудаанд. Дар баробари ин боз зиёда аз 1700 трансформатори дигар, ки ба ташкилоти дахлдор марбут   мебошанд, мавҷуданд. Ин ҳаҷми калонтарини ташкилоти барқиест, ки дар шаҳри Душанбе имрӯз мавриди истифода қарор дорад. Дар баробари ин 2000 км хатҳои барқии зеризаминии баландшиддат, инчунин садҳо ҳазор км хатҳои барқи ҳавоии 4, 6, 10 кВт ва дар маҷмӯъ, системаи энергетикии шаҳри Душанбе, Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе дарвоқеъ калонтарин ва мураккабтарин система дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Новобаста ба ин, дар ҳар ноҳияи ҳудуди шаҳр Шабакаҳои барқи ноҳияи И. Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино ҳамарӯза фаъолият карда истодаанд ва баҳри бартараф кардани садамаҳо   сари вақт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Низоми энергетикӣ имрӯз дар марҳилаи зимистонгузаронӣ қарор дошта, садамаҳо ба амал меоянд. Кормандони Шабакаҳои барқ тамоми кӯшишашонро бар он равона мекунанд, ки сари вақт ин камбудиҳоро бартараф намоянд. Талафоти имрӯзаи неруи барқ аз проблемаҳои ҷиддӣ дар системаи энергетикӣ ба шумор меравад ва таркиби талафот ба талафоти техникиву технологӣ ва тиҷоратии неруи барқ вобаста аст.

Дар айни замон бо дастгирии бевоситаи  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе амалишавии низоми биллингӣ мавриди амал қарор дорад. , Дар ҳамин замина аллакай зиёда аз 80 ҳазор ҳисобкунакҳои электроникаи интеллектуалӣ насб карда шудаанд.

Давоми соли ҷорӣ ҳангоми таҳлилҳои ҳайати муҳандисии Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе баъди амалӣ шудани низоми биллингӣ дар ноҳияи Сино ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва дар муқоиса ба солҳои пешин талафоти неруи барқ ба маротиб кам гардид. Масалан, агар солҳои пешин талафоти барқ 16 ва ё 22 фоизро ташкил медод, баъди амалӣ шудани низоми биллингӣ  он 6,8 фоиз поён фароварда шуд. Ин ниҳоят натиҷаи назаррас аст.

Тибқи нақшаи минбаъдаи системаи энергетикии шаҳри Душанбе вобаста ба амалишавии низоми биллингӣ тамоми мушкилот вобаста ба талафоти неруи барқ ба таври автоматӣ  аз байн хоҳад рафт.

Низоми биллингӣ тибқи нақша нахуст дар ноҳияи Сино амалӣ гардид.  Ин лоиҳа аз ҷониби ширкати ватании «Авесто гурӯҳ» дар якҷоягӣ бо «Тоҷикгидроэлектромантаж» амалӣ гардида истодааст ва дар назар аст, ки он соли 2023 дар се ноҳияи шаҳри Душанбе амалӣ карда шавад. Дар ин маврид аз ҳозир корҳои лоиҳакашӣ идома доранд. Аллакай асосноккунии техникии ширкатҳоро муайян карда истодаанд.  Бо боварии комил гуфта метавонем, ки шурӯъ аз соли 2023 дар се ноҳияи шаҳри Душанбе  низ татбиқи низоми биллингӣ  пурра амалӣ мегардад.

Имрӯз мо нақшаи муайяни дурнамои соҳаи энергетикии шаҳри Душанберо мавриди амал қарор дода истодаем ва медонем, ки ягона омили пешрафти соҳаи энергетика- ин ба худи шаҳрвандон ва аҳолии шаҳр вобаста будани он аст. Дар ин самт аз ҷониби муштариён сарфакоронаю оқилона истифода бурдани неруи барқ барои ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ мусоидат мекунад.

Аз ҷониби Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе нақшаҳои муайяни техникӣ таҳия шудаанд, ба монанди навсозии зеристгоҳи барқӣ, сохтмони зеристгоҳҳои барқии нав, ивази таҷҳизоти кӯҳнаву фарсуда ба таҷҳизоти наву муосир, пурра амалӣ шудани низоми биллингӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе.  Дар ин сурат  мо метавонем дар панҷ соли минбаъда -солҳои  2023-2028 дар самти рушди системаи энергетикии шаҳри Душанбе зина ба зина қадамҳои устувор  гузорем.

Рустам ҶАМИЛЗОДА,
Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Ноябрь 27, 2022 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад