ВАО: Қувваҳои амниятии Эрон гурӯҳи террористиеро дар ғарби ин кишвар безарар гардониданд

Ноябрь 4, 2022 10:26

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои амниятии Эрон дар ғарби ин кишвар гурӯҳи террористиеро ошкор ва безарар гардониданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 3 ноябр агентии IRNA иттилоъ додааст.

Тибқи маълумоти агентӣ, гурӯҳи ҷиноятӣ дар вилояти Илам фаъолият намуда, дар бетартибиҳои чанде қабл баамаломада шарик будааст.

Террористон нақшаи ҳамла кардан ба иншоотеро доштаанд, ки зери назорати қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти амниятӣ қарор доранд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ин гурӯҳ бо марказҳои хориҷӣ робита доштааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 4, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд