Вазири молия бо ҳайати Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои Тоҷикистон ва ҳайати Бонки содироту воридоти Корея мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори навтаъйини кишварии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберто Лонго мулоқот намуд ва ҷонибҳо вобаста ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молия хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои марбут ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории Фонд ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими устувории муҳити зист изҳор карда шуд.
Ҷонибҳо оид ба рушду густариши ҳамкории судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ба мувофиқа расиданд.
9 ноябр Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода инчунин бо ҳайати Бонки содироту воридоти Корея (Korea Eximbank) таҳти роҳбарии мудири кулли Раёсати амалиёт Ин-Кю Чо, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба амалӣ намудани Барномаи шарикии инноватсионии иқтисодӣ (EIPP), ки аз маблағҳои грантӣ ташаккул ёфта, ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ва рушд миёни Корея ва мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ тавассути машваратҳои сиёсӣ ё омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои давлатӣ равона шудааст, гуфтугӯи судманд намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






