«ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Мутарҷимони китоби Президенти Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд

Ноябрь 13, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 13.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр як гурӯҳ омӯзгорон барои тарҷума намудани китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» — и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ДДЗТ) ба номи Сотим Улуғзода бо сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ДДЗТ хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки чанде қабл бо ташаббуси Раёсати Донишкада китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забонҳои маъруфи ҷаҳон – русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардид, то муаррифи забони ғановатбору хушоҳанги мо дар арсаи ҷаҳонӣ бошад.

Барои тарҷумаи босифату шоистаи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» бо роҳбарии ректори Донишкада, профессор Жило Гулназарзода устодони варзида- Фаёз Турсунов, Бахтиёр Ҳоҷатов, Анвар Баротов бо забони русӣ, Зубайдулло Мусоямов, Бобоҷон Маликов, Муҳаммадсалим Азизмуродов, Ҳамида Ишратова, Зулола Ҳалимзода, Ҷамила Ҷӯраева, Дилфӯза Саидова, Аюб Зикруллоев, Рухангез Сафарзода бо забони англисӣ, Зоир Ғафуров, Манижа Носирова, Қурбонбегим Ғуломалиева, Сайёра Гиёева, Наврӯзмоҳ Муборакшоева ва Моҳбегим Иброҳимова бо забони чинӣ бо камоли муҳаббату садоқат кӯшиш ба харҷ доданд.

Тазаккур бояд дод, ки китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» воқеан ҳам дар ҳамбастагӣ ба ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ навишта шудааст. Аз ин ҷост, ки он зуд мақбули ҳамагон ва барои аҳли кишвар ифтихорафзо гардид. Ин китоб бори дигар бо далелҳои муътамад ва суханони баланду дилписанд бузургию тавоноӣ ва таърихи пуршарафи забони модарии моро собит сохт.

АКС: Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

 

Ноябрь 13, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон