Завқӣ Завқизода ва Доминик Фавре татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 8 ноябр вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Доминик Фавре оид ба кишварҳои Тоҷикистон, Швейтсария, Лаҳистон, Сербия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ки дар он Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ З. Завқизода Доминик Фавреро ба муносибати ба вазифаи Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таъйин шуданаш табрик карда, ба ӯ муваффақият орзу намуд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгириҳои Бонки ҷаҳониро ҳамчун шарики рушди боэътимод барои инкишофи соҳаҳои иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ менамояд.
Дар вохӯрӣ З. Завқизода оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, иҷрои Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таъсири пайомадҳои манфии буҳронҳои глобалию энергетикии имрӯза ва тағйирёбии иқлим маълумот дод.
Вазир ҳамчунин аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дархост намуд, ки барои бамаротиб зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон, нақшаи зиддибуҳронии Ҳукумати ҷумҳурӣ, татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун», татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ мусоидат намояд, ки хуш пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






