35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То ин ҷашн дар Сангвор 65 иншоот бунёд мегардад

Декабрь 31, 2022 09:08

ДУШАНБЕ, 31.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор бунёди 65 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то инҷониб 10 иншоот сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.

Айни замон дар ноҳия як қатор корҳои созандагию ободонӣ ба анҷом расидаанд, аз ҷумла сохтмони 3 пули пиёдагузар дар деҳоти Ваҳдат, хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароит ба ду шахси бепарастор дар деҳаи Саркорони деҳоти Заршӯён, толори варзиш дар деҳаи Шакоби деҳоти Чилдара, соҳилмустаҳкамкунии маҷрои дарёи Хингоб дар деҳаҳои Тавилдара ва Ёзғанд, сангфарш намудани роҳи деҳаи Шаҳринави деҳоти Тавилдара, таъмиру навсозии пули мошингузари деҳаи Чилдараи деҳоти Чилдара, тоза кардани дараи Сайёди деҳоти Вахиё ва сохтмони хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Хипшони деҳоти Заршӯён. Ҳамчунин, биноҳои маркази савдо ва хизматрасонӣ дар деҳаи Хури деҳоти Вахиё ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сариҷангали деҳоти Тавилдара сохта ба истифода дода шудаанд.


Соли равон барои сохтмони асосӣ дар буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид. Маблағи мазкур мувофиқи нақша барои сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ, навсозии боғи фарҳангии маркази ноҳия, таъмири бинои Ҷамоати деҳоти Тавилдара ва сохтмони пойгоҳи бодуҳавосанҷии деҳоти Тавилдара пешбинӣ шуда, корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангӣ идома доранд.

Соли равон аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 98 адад иҷозатнома барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот дода шуд, ки нисбат ба соли 2021 8-то зиёд мебошад.


Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор ба истифода додани 107 иншооти хурду миёна, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳи табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, сартарошхонаҳо, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ ба нақша гирифта шуда буд.

АКС: бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2022 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад