Академик Мирганд Шабозов барандаи Ҷоизаи «Ситораҳои иттиҳод» гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ, ки 13 декабр дар Тошканд сурат гирифт, маросими супоридани ҷоизаҳои «Ситораҳои Иттиҳод» ва «Иттиҳоди дебютҳо» доир шуд, ки устоди факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирганд Шабозов барандаи ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» барои дастовардҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму эҷод дода мешавад. Ҷоиза аз соли 2009 инҷониб ба олимону мутафаккирони соҳаҳои мухталиф супорида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ин ҷоиза ҳамасола ба намояндагони давлатҳои Иттиҳод барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқанд ва дар рушди ҳар кишвари узви ИДМ ва дар маҷмӯъ дар Иттиҳод саҳм гузоштаанд, дода мешавад. Маблағи ҷоиза 2 миллион рубл мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи Академия Гулчеҳра Қоҳирова низ қаблан ду маротиба пай дар пай соҳиби Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» гардида буд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
Акс: ДМТ
МАЪЛУМОТИ АМИТ «Ховар»
Мирганд Шабозов 26 июни соли 1952 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавалуд шудааст. Ӯ риёзидони тоҷик аст, аз соли 1997 доктори илмҳои физикаву математика ва аз соли 2008 академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Мирганд Шабозов соли 1974 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси математика хатм намудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмии ӯ таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо мебошад. Аз соли 1998 то 2005 дар вазифаи Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев фаъолият кардааст. Инчунин солҳои 2005—2010 ба ҳайси Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, солҳои 2010—2015 ҳамчун муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






