Ҳамкории ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Беларус таҳкими бештар меёбад
ДУШАНБЕ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе оид ба густариш ва тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар фаъолияти ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Беларус, таҳкими ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзои иттифоқҳои касаба, кормандон ва аъзои оилаи онҳо ибрози назар карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.
Раиси ФИКМТ Маликшо Неъматзода бо раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Беларус Татяна Филимонова, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.
Маликшо Неъматзода роҷеъ ба фаъолияти кунунии ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва вазифаҳои минбаъдаи ин ниҳод дар оянда сухан гуфт.
Тарафҳо ҳавасмандии хешро оид ба густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ иброз намуданд.
Дар мулоқот намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок кард.
Акс: ФИКМТ








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






