АСРОРИ АБРЕШИМ. Тоҷикон онҳоро ҳазорон сол пеш медонистанд ва аз он замон то ба имрӯз анъанаҳои бофтани атласи миллиро нигоҳ медоранд

Декабрь 3, 2022 11:45

ДУШАНБЕ, 03.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, кирмакпарварӣ (пиллапарварӣ) ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ ҳамчун унсури муштараки фарҳангӣ, ки Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон барои арзёбӣ ба иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод кард, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.

Иҷлос аз 28 ноябр то 3 декабри соли равон дар шаҳри Работи Марокаш баргузор шуд.

Сокинони Тоҷикистон асрори кирмакпарвариро ҳазорҳо сол пеш аз ин омӯхта буданд. Аз он вақт инҷониб онҳо анъанаҳои бофтани атласи миллиро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Тибқи иттилои манобеъи расмӣ, кирмакпарварӣ яке аз қадимтарин соҳаҳои кишоварзӣ буда, дорои таърихи беш аз 5000-сола мебошад ва тутпарварӣ, истеҳсоли тухми кирмак, пиллаи кирмак ва коркарди ибтидоии пилларо фаро мегирад.

Адрас аз пахта ва абрешим (50 бар 50) омода мешавад. Атлас низ ҳаст — ҳамон нақш, танҳо 100% матои абрешимӣ. Он «ҷилоноктар», вале нисбат ба адрас чанд маротиба гаронтар аст. Онҳо дар куҷо ва кай пайдо шудаанд? Мисли бисёре аз ҳунарҳои анъанавӣ ва маъмули мардумӣ асрори пайдоиши худро нигоҳ медоранд. Танҳо маълум аст, ки анъанаи тайёр кардани матоъ аз асрҳои аввали пеш аз милод сарчашма мегирад.

Дар бораи рассоме, ки боре дар лаби дарё нишаста абрҳои дар об инъикосшавандаро дидааст, дар миёни тоҷикон ривояти қадима вуҷуд дорад. Мавҷҳои рангоранги ҷилонок ба рассом таассуроти фаромушнашаванда бахшиданд ва ӯ дарҳол ба назди косибон — бофандагони маҳаллӣ давида, ба онҳо намунаи адрасро расм кашид.

Пиллапарварӣ ва шоҳибофӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид.

Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 аз сохтору мақомоти дахлдор даъват ба амал оварданд, ки кирмакпарвариро рушд диҳанд ва ҷойҳои нави корӣ, махсусан барои занону духтарон таъсис диҳанд. Пешвои миллат супориш доданд, ки дар зарфи 10 сол заминхои тут пурра озод ва ба коркарди пилла шуруъ карда шавад.

Барои баланд бардоштани ин соҳа барномаҳои соҳавии рушди кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2012-2020 ва 2020-2024 қабул карда шуданд.

Мақсади ин барномахо фароҳам овардани шароит барои эҳё ва рушди соҳаи кирмакпарварӣ, бо тухмии хушсифати маҳаллӣ таъмин намудани кирмакпарварон, афзоиш додани ҳаҷм, истеҳсоли пиллаи кирмак, зиёд намудани захираи озуқавории кирмак ва таъмин намудани корхонаҳои коркарди абрешим бо ашёи хоми хушсифат мебошад.

Барнома барои солҳои 2020-2024 парвариши бештар аз 33 ҳазор қуттӣ кирмакро пешбинӣ мекунад, ки ин ба 1200 тонна расондани истеҳсоли пилла мусоидат менамояд. Аз ин миқдор 800 тонна дар дохили кишвар коркард мешавад, ки беш аз 66 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин хоҳад намуд.

Барномаи нави рушди соҳа барқароркунии майдонҳои тутзорҳо, нигоҳдорӣ ва афзоиши ҳосили дарахтони тут ва шинонидани ниҳолҳои нави тутро, ки захираҳои зиёди молиявиро талаб мекунанд, пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин бо мақсади таҳкими базаи хӯроки кирмак дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ то соли 2024 шинонидани 4 миллиону 375 ҳазор бех ниҳоли тут ва дар майдони 180 гектар таъсис додани киштзорҳои нав пешбинӣ шудааст.

Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки дар натиҷаи татбиқи бомуваффақияти барнома Тоҷикистон метавонад дар истеҳсоли абрешим дубора пешсаф гардад.

Декабрь 3, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода