Ассотсиатсияи китобхонаҳои президентии кишварҳои ИДМ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Санкт-Петербург ба майдони таъсиси Анҷумани китобхонаҳои президентии Россия ва кишварҳои ИДМ табдил хоҳад ёфт. Рӯзи душанбе, 12 декабр дар инҷо санад дар бораи таъсиси созмони нави дорои мақоми байналмилалӣ ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.
Чунин ниҳод дар кишварҳои пасошӯравӣ бори аввал таъсис меёбад.
Дар барномаи фаъолият — баргузории чорабиниҳои муштарак, “мизҳои мудаввар”, конфронсу машварат дар назар аст. «Ассотсиатсия дастрасии васеъро ба арзишҳои фарҳангии ҷаҳонӣ фароҳам меорад»,- гуфта мешавад дар иттилоия.
Инчунин созмони нав ба табодули таҷриба дар соҳаи таъмини иттилоотию таҳлилии мақомоти давлатӣ мусоидат намуда, истифодаи мутақобили захираҳоро оид ба масъалаҳои таърих, ҳуқуқ, иқтисод, сиёсат, ҳамкории фарҳангӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадам ва технология таъмин менамояд.
«Шаҳр ба нигоҳдорӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо тамоми кишварҳои ИДМ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Бахши муҳими рушди ҳамкорӣ –ҳамгироии захираҳои китобхонаҳо хоҳад буд- он дар заминаи мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои муштараки китобхонаи президентӣ бо шарикони кишварҳои ИДМ ба нақша гирифта шудааст», — оварда шудаанд дар иттилоия суханони намояндаи кумитаи робитаҳои хориҷии Санкт-Петербург Евгений Григорев.
Мавриди зикр аст, ки 28 декабри соли 2021 маҳз дар Китобхонаи президентӣ дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти анъанавии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки Санкт-Петербург соли 2023 пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шуда буд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
ДАР АКС: иштироккунандагони мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ дар Китобхонаи президентии Санкт-Петербург. АКС аз манбаъҳои боз








Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Мустақбал баррасӣ шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд






