Ҳавои рӯзҳои охири соли 2022 дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Декабрь 27, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 27.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Се рӯзи охири соли 2022 дар тамоми ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

Бино ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 29 то 31 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ рӯзҳои охири моҳи декабр ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 4 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Бадахшон дар ин рӯзҳо ҳавои қисман абрноки асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 7 дараҷа хунук, рӯзона то 4 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона то 22 ва рӯзона то 10 дараҷа хунук хоҳад шуд.

Дар рӯзҳои охири соли 2022 дар вилояти Xатлон ҳавои қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва шабона барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо аз 5 то 11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо аз 4 то 11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд аз 29 то 31 декабр ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук, рӯзона то 7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 9 дараҷа хунук ва рӯзона то 4 дараҷа гарм мешавад.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Декабрь 27, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид