АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 30,9 фоиз зиёд гардид

Декабрь 16, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон моҳҳои январ-октябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида бо кишварҳои ИДМ 30,9 фоиз ё 743,2 млн доллар ва бо мамлакатҳои хориҷи дур 7,8 фоиз ё 204,0 млн доллар зиёд мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо пайваста зикр мекунанд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва Стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад. Ҳамин аст, ки бо фароҳам овардани шароити мусоид баҳри амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон фароҳам гардид, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор ташкил карда шавад.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2360 расонида шуда, танҳо соли 2021 256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷойи кор ба фаъолият оғоз намуданд. Аммо бо вуҷуди имтиёзу сабукиҳои зиёди пешниҳодгардида имконияту иқтидорҳои истифоданашуда барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ ҳанӯз ҳам зиёданд.

Тавре Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ 21 декабри соли 2021 изҳор доштанд, «захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад».

Аз ин лиҳоз, барои ташкили корхонаҳо бо технологияҳои муосир, паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд чораҳо вобаста ба дасггирии соҳибкорӣ, аз ҷумла дастгирии содироткунандагон пешбинӣ гардидаанд. Соли 2021 аз ҷониби Ҳукумати кишвар «Барномаи давлатӣ доир ба рушди содирот барои солҳои 2021-2025» қабул ва дар доираи он иҷрои зиёда аз 160 тадбир ва нақшаву чорабиниҳо пешбинӣ гардидааст.

Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 бо мақсади рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунӣ, кам намудани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии воридот, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ таҳия гардидааст.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки сафи содиротро ба кишварҳои ҷаҳон рушд диҳад. Аз ҷумла, дар даврони истиқлолият маҳсулоти содиротии Тоҷикистон аз 40 номгӯйе, ки қаблан буд, ба зиёда аз 450 номгӯй молу маҳсулоти содиротӣ баробар гардид. Тоҷикистон аввалин маротиба соли 2021 тавонист, ки содироти маҳсулоти худро ба зиёда аз 2,3 млрд доллар расонад. Ҳоло лоиҳаи Маркази байналмилалии савдо, яъне Барномаи омӯзишии мудирияти тиҷорати фаромарзӣ, ки дар доираи Лоиҳаи Ready4Trade бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад, татбиқ шуда истодааст. Умедворем, ки ин барнома шароити хубе фароҳам меорад, то дар оянда бидуни монеаҳои иловагӣ содироткунандагон маҳсулоти худро пешниҳоди бозорҳои ҷаҳонӣ намоянд»,-изҳор дошт А. Абдураҳмонзода.

Зикр гардид, ки барнома ҳам аз дарсҳои онлайн ва ҳам рӯ ба рӯ иборат буда, ба содироткунандагони ҳозира ва оянда дастрас аст. Ҳадаф аз роҳандозии ин ибтикор- боло бардоштани сатҳи дониш ва огоҳӣ аз имконияти нави содиротӣ мебошад, ки метавонад фаъолияти соҳибкорон, махсусан занонро дар Тоҷикистон ба сатҳи нав бардорад. Таҳияи барномаи омӯзишии мазкур бо назардошти тағйироти саросарӣ дар ҷаҳон ва пайдоиши роҳҳои нави тиҷоратӣ сурат гирифтааст.Тавре муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар Ҳайдар Раҷабов иброз намуд, «вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатӣ доир ба рушди содирот барои солҳои 2021-2025» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи омӯзиши мудирияти тиҷоратии фаромарзии лоиҳаи Ready4Trade Осиёи Марказӣ амал мекунад. То ба имрӯз зиёда аз 200 нафар соҳибкорони хурду миёна аз дарсҳои онлайнӣ ва ҳам ҳузурии ин омӯзиш бархурдор шудаанд».

Иттилоъ дода шуд, ки Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ бо ширкатҳои содироткунанда ҳамкории наздик ба роҳ мондаааст. Ин ибтикор ба фаъолияти Палата дар самти пешниҳоди маълумоти муфид ва дақиқ доир ба содирот ба бозорҳои хориҷӣ мусоидат мекунад. «Ин дарсҳо асосҳои тиҷорати фаромарзӣ ва содирот ба бозорҳои беруниро ёд медиҳанд. Тоҷирони мо метавонанд донишҳои худро дар ин самт тақвият бахшанд ва мо низ ба ҳайси яке аз созмонҳое, ки ба ширкатҳои ватанӣ ҷиҳати аз худ кардани қоидаҳои тиҷорати байналмилалӣ ёрӣ мерасонанд, имкониятамонро васеъ мегардонем»,- зикр намуд ӯ.

Мавсуф изҳор дошт, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки фарогирии ин барномаро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон амалӣ намояд. Аз ҷумла, 13-14 декабр дар шаҳри Душанбе барои содироткунандагон, масъулини вобаста ба ҳуҷҷатгузории ин самт, нафароне, ки ширкатҳои худро таъсис додаанду хостори содироти молашон ба Аврупо ҳастанд, дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Корхонаи Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик, ки 2147 нафарро бо кори доимӣ фаро гирифтааст, аз ҷумлаи ширкатҳои содироткунандаи кишвар аст, ки аллакай маҳсулоти худро ба Россия, Эрон, Канада, Чехия, Полша ва чанд кишвари дуру наздик содирот мекунад.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи фурӯши маҳсулоти ширкати мазкур Саиднеъмон Шуришов, ба роҳ мондани ин гуна дарсҳои омӯзишӣ роҳи хубест барои татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти боло бурдани иқтидори содиротии кишвар. «Вақте содироткунандагон ба ҳам гирд меоянду аз талаботи бозори Аврупо ва нозукиҳои самти содиротӣ табодули таҷриба мекунанд, ин албатта, натиҷаи мусбат хоҳад дод. Дар ин машғулияти омӯзишӣ, пеш аз ҳама, бо роҳу усулҳои ҳуҷҷатгузорӣ, стандартҳое, ки бозори Аврупо барои қабули маҳсулоти мо талаб мекунад, тарзи басту банди маҳсулот шинос шудем, ки албатта, дар оянда баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани содироти худ аз рӯи он амал хоҳем кард»,-изҳор дошт ӯ.

Ёдовар бояд шуд, ки чанде пеш бо мақсади иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» доир гардид. Ба он 61 субъекти ватанӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки ба содироти маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ машғуланд, дархост пешниҳод намуданд. Беҳтарин содироткунандагон аз рӯи номинаҳои дахлдори Қоидаҳои муқаррарнамудаи озмун интихоб гардида, ба ғолибон ҷоиза ва сертификати Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» тақдим карда шуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Декабрь 16, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад
Дар шаҳри Исломобод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид
Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд