БА ТИЛЛО САРМОЯГУЗОРӢ КУНЕД. Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки истихроҷи хусусии ин металли қиматбаҳо ба хотири дастгирии буҷети давлатӣ фаъол карда шавад

Декабрь 30, 2022 11:45

ДУШАНБЕ, 30.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки истихроҷи инфиродии тиллоро ба хотири дастгирии буҷети давлатӣ фаъол гардонад. Дар ин бора Сарвари давлат рӯзи панҷшанбе зимни маҷлиси охирини Ҳукумати мамлакат дар соли равон изҳор доштанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нахуст дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», ки аз рӯйи он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати таъмини саривақтии иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ дар соли 2023 дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки <…> ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби шаҳрвандон ба меҳнати фоиданоки дастӣ, аз қабили тиллошӯйӣ дар қаламрави мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида шаванд», — омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои Хадамоти матбуот, бо супориши Пешвои миллат аз соли 2019 инҷониб дар мамлакат беш аз 7000 нафар барои тиллошӯйӣ иҷозатнома гирифта, ба ин намуди меҳнати фоиданок ҷалб шудаанд.

Бояд зикр кард, ки панҷ сол қабл бо қарори раёсати БМТ аз 2 июни соли 2017 дар Тоҷикистон сабикаҳои ченакии тиллои 5, 10, 20, 50, 100- грамма, ки дар корхонаи холискории дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон (LBMA) тайёр гардидаанд, ба фурӯш бароварда шуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Bloomberg хабар дода буд, асъори миллии Тоҷикистон, Гурҷистон ва Арманистон дар раддабандии ҷаҳонии имсола пешсаф гардида, дар баробари доллар афзоиши бештар нишон доданд. Бино ба гузориши Bloomberg, аз аввали соли 2022 драми арманӣ нисбат ба доллар беш аз 22% афзоиш ёфта, дар байни асъори ҷаҳонӣ пешсаф шуд, ларии гурҷӣ ва сомонии тоҷикӣ мутаносибан зиёда аз 16% ва 10% устувор гардида, аз афзоиши рубли русӣ пеш гузаштаанд.

Дар пасманзари таҳримҳо, таҳкими қурби сомонӣ дар баробари ҷуфти евро/доллар ва маҳдудияти асъорӣ барои одамоне, ки тавонистаанд пасандоз намоянд, саволе ба миён меояд: дороиро чӣ гуна метавон нигоҳ дошт ва агар имконпазир бошад, онро афзоиш дод? Ба эътиқоди таҳлилгарон, воситаи боэътимоди пасандози сармоя дар шароити кунунӣ, ба ҷуз амволи ғайриманқул, сармоягузорӣ ба тилло аст. Онҳо бар онанд, ки харидани сабикаҳои тилло боэътимодтар ва дар айни замон содатарин воситаи сармоягузорӣ кардани пул аст. Сармоягузорӣ ба тилло- ин пасандози пул барои дарозмуддат аст.

Пас чаро аҳолии Тоҷикистон то ҳол ба тилло таваҷҷуҳ надорад? Чунки ин сармоягузорӣ ягон камбудӣ надошта, дар асл дорои бартариҳои зиёд мебошад.

Аввалин бартарият ин аст, ки тилло дар замонҳои ноором ҳамеша паноҳгоҳи сармояҳо буд. Ҳамчун воситаи пасондоз ин комилан қарори дуруст аст.

Бартарии дуюми тилло дар он аст, ки онро метавон ба таври алоҳида сармоягузорӣ намуд, то дар лаҳзаҳои душвор кумак намояд. Онро инчунин метавон мувофиқи эҳтиёҷ ба пул фурӯхт.

Дар ниҳоят, Бонки миллии Тоҷикистон ба ин навъи сармоягузорӣ бартарии иловагӣ зам кард. Минбаъд ба даст овардани тилло хатар надорад: сабикаҳоро метавон дар дилхоҳ бонкҳои калон ба даст овард.

Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон соли 2021 нисбат ба соли 2020 ба ҳисоби миёна 4% арзонтар шуданд. Қобили зикр аст, ки соли 2020 арзиши онҳо аз ҳисоби болоравии нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ ба таври назаррас (43%) боло рафта буд. Ҳамин тариқ, моҳи августи соли 2020 нархи тилло аз соли 1830 инҷониб ба сатҳи рекордӣ расид: 2067 доллар барои як унсия.

Ба ҳолати 5 январи соли 2022 як унсия металли қиматбаҳо 1819 доллар арзиш дошт, дар ҳоле ки арзиши он ҳамарӯза тағйир меёбад ва дар натиҷа нархи сабикаҳои тиллои Бонки миллӣ — нархи охирини эълоншудаи сабикаи панҷграмма тағйир меёбад. Нархи сабикаи панҷграмма 3463 сомонӣ ва садграмма 66961 сомониро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки охири соли гузашта як сабикаи панҷграмма дар БМТ 3445 сомонӣ (4% арзонтар нисбат ба охири соли 2020) ва садграмма 66000 сомонӣ (4,5 фоиз кам) арзиш дошт.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 30, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсеаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти хазинадории Амрико дар Душанбе баррасӣ гардид
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар соҳаи нақлиёт ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Соҳибкорони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бо технологияи коркарди меваи хушк дар Узбекистон шинос гардиданд
Дар Британияи Кабир масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе – Лондон баррасӣ шуд
САБЗГАРДОНИИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАР. Имсол ба Тоҷикистон 5266 мошини барқӣ ворид карда шуд
Ҳангоми бақайдгирии давлатӣ минбаъд ба автомобилҳои барқӣ рақамҳои сабз дода мешаванд
Дар Душанбе байни «Тоҷикаэронавигатсия» ва «Узаэронавигатсия» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
«АЗ ПИРЯХҲО ТО ХОҶАГИҲО». Лоиҳаҳои афзалиятнок бо назардошти тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон баррасӣ шуданд
Дар Душанбе Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд
Созишномаи сармоягузорӣ оид ба ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар Тоҷикистон ба имзо расид
Дар Ҳафткӯл ниммарафони кӯҳии ЭКО баргузор мегардад