ХАБАРИ ХУШ! Асъори миллии Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ пешсаф шуд

Декабрь 21, 2022 16:50

ДУШАНБЕ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Асъорҳои миллии Тоҷикистон, Гурҷистон ва Арманистон дар раддабандии ҷаҳонии имсола пешсаф гардида, дар баробари доллар афзоиши бештар нишон доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Bloomberg хабар медиҳад.

Бино ба гузориши Bloomberg, аз аввали соли 2022 драми арманӣ нисбат ба доллар беш аз 22% афзоиш ёфта, дар байни асъори ҷаҳонӣ пешсаф шуд, ларии гурҷӣ ва сомонии тоҷикӣ мутаносибан зиёда аз 16% ва 10% устувор гардида, аз афзоиши рубли русӣ пеш гузаштаанд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Гурҷистон, муҳоҷирати русҳо дар соли ҷорӣ боиси 5 маротиба афзудани ҳаҷми интиқоли пул аз Россия ба Гурҷистон шудааст, ки беш аз 60% тамоми интиқолҳоро ташкил дода, зиёда аз 1 миллиарду 750 миллион доллар мебошад. Интиқоли пул ба Арманистон дар даҳ моҳи аввали соли равон 2,8 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб чор маротиба зиёдтар аст. Бонки марказии Арманистон хабар дод, ки моҳи октябр онҳо ба баландтарин сатҳи худ аз ҳадди ақал аз соли 2004 расиданд.

Bloomberg зикр менамояд, ки таъсири бештар ба афзоиши пули миллӣ дар ҷумҳуриҳои хурд расидааст. Қазоқистон низ, ки тақрибан 19 миллион аҳолӣ дорад ва ҳудуди шаш баробар нисбат ба Арманистону Гурҷистон бисёртар аст, ба самти маъмул миёни русҳо табдил ёфтааст. Аммо тенге, тавре ки агентӣ пешбинӣ мекунад, метавонад солро бо талафот анҷом диҳад.

Интизор мерафт, ки кишварҳои ҳаммарз бо Россия зарар мебинанд, зеро бузургтарин шарики тиҷоратии онҳо таҳти таҳримот қарор гирифт. Бар хилофи интизориҳо, вуруди бузурги сармоя захираҳои асъории онҳоро афзоиш дод ва тавозуни ҳисоби ҷории онҳоро беҳтар кард. Иқтисоди Арманистон дар семоҳаи дуюм ва сеюми соли 2022 бо шумораҳои дурақама афзоиш ёфт, дар ҳоле ки иқтисоди Гурҷистон дар се моҳ то моҳи сентябр тақрибан 10% рушд кардааст.

Дар Тоҷикистон интиқоли пул дар нимаи аввали сол на кам аз 50% афзоиш ёфт ва ин имкон дод, ки иқтисоди кишваре, ки ба баҳр дастрасӣ надорад, соли равон дар муқоиса бо 4-5%-и пешгӯиҳои қаблӣ 7 дарсад афзоиш ёбад.

Хазинаи байналмилалии асъор пешгӯии рушди иқтисоди Гурҷистонро барои тамоми сол то 10% боло бурд. Бонки марказии Арманистон пешгӯии рушди ММД-ро аз 4,9% ба 13% боло баланд бардошт.

 

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»

Блумберг (Bloomberg) бузургтарин агентии иттилоотии ҷаҳон буда, дар ИМА ба қайд гирифта шудааст. Он ба сармоягузорон дар саросари ҷаҳон маълумоти навтарин пешкаш менамояд.

Агентӣ, пеш аз ҳама, дар бораи вазъи бозорҳои ҷаҳонии коғазҳои қиматнок, ба монанди арзиши саҳмияҳо ё нархи вомбаргҳо ва дигар воситаҳои савдою молия маълумоти саривақтӣ пешкаш мекунад.

Илова бар ин маълумот, Bloomberg ба таҳлили ширкатҳои эмитент ва сегментҳои алоҳидаи бозор машғул аст.

Идораи асосии он дар маркази Ню-Йорк, дар бинои осмонбӯси «Блумберг-Тауэр» ҷойгир аст. Дар Лондон ва Токио низ намояндагиҳои расмӣ дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 21, 2022 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1234 то 0.1220 сомонӣ муқаррар шудааст
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд