«БАРЪАКСИ ПЕШГӮИҲО». Хазинаи байналмилалии асъор гузориш дод, ки пайомадҳои Амалиёти махсуси ҳарбии Россия дар Украина «барои иқтисоди Тоҷикистон чандон ҷиддӣ набуданд»

Декабрь 27, 2022 14:07

ДУШАНБЕ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пайомадҳои манфии Амалиёти махсуси ҳарбии Россия (АМҲ) дар Украина барои иқтисоди Тоҷикистон, баръакси пешгӯиҳо, чандон ҷиддӣ набуданд, аммо эҳтимол аст онҳо соли оянда ҷиддитар эҳсос шаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба гузориши Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хабар медиҳад.

Ҳайати ин ниҳоди байналмилалии молӣ, ки чанде пеш дар Душанбе буд, 23 декабр гузоришеро дар бораи вазъи иқтисодии Тоҷикистон нашр кард.

«Пас аз афзоиши 9,2 % дар соли 2021, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) воқеӣ аз моҳи январ то октябр 8 % афзоиш ёфт, ки ин аз рушди васеи саноат (аз ҷумла, истихроҷи маъдан), кишоварзӣ ва сохтмон шаҳодат медиҳад. Баръакси интизориҳо, таъсири ҷанг дар Украина ба иқтисоди кишвар чандон назаррас набуд», — омадааст дар гузориш.

Коршиносони Хазина таъкид менамоянд, ки соли равон таваррум бо вуҷуди нисбатан гарон будани нархи ҷаҳонии маҳсулоти хом хуб нигоҳ дошта шудааст.

«Таварруми солона дар охири соли 2021 аз 8% то 4,5% дар моҳи ноябри соли 2022 (ин яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳои ҷаҳон аст! – тавз. АМИТ «Ховар») коҳиш ёфт, ки аз ҳадафи миёнамуҳлати Бонки миллии Тоҷикистон (6 (±2)%) пасттар аст. Сиёсати қатъии пулию қарзӣ ба нигоҳдории фишорҳои таваррум мусоидат кард, дар ҳоле ки болоравии нархи ҷаҳонии маводи ғизоӣ ва сӯзишвории воридотӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ бо тақвияти қурби сомонӣ ва озод шудани захираҳои стратегии маводи ғизоӣ ба эътидол омад. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба истеъмоли дохилӣ нигаронида шудааст, нархи маҳсулоти ғизои маҳаллиро низ нигоҳ дошт», — омадааст дар гузориш.

Коршиносони ХБА изҳор доштанд, ки билофосила пас аз оғози Амалиёти махсуси ҳарбии Россия дар Украина моҳи феврал интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон коҳиш ёфт, вале баъдан дар семоҳаи дуюми соли равон башиддат боло рафт. Дар 10 моҳи ахир захираҳои арзии Тоҷикистон аз 2 миллиарду 500 миллион ба 3 миллиарду 400 миллион доллар афзоиш ёфт, ки барои пӯшонидани воридот дар ин муддат кофист.

Бино ба маълумоти Хазинаи байналмилалии асъор, бо вуҷуди пешрафти иқтисодӣ равшан нест, ки иқтисоди Тоҷикистон аз коҳишёбии афзоиши иқтисодии Россия, ки кишвари аслии мизбони муҳоҷирони корӣ ва шарики муҳими иқтисодӣ мебошад, чӣ қадар ва то кай эмин хоҳад монд.

Ёдовар мешавем, ки 23 декабри соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони кишвар яке аз аввалинҳо шуда, ба ин мавзӯъ дахл карда, таъкид доштанд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

«Аз ҷумла, соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд», — зикр намуданд Сарвари давлат

Тавре Пешвои миллат борҳо таъкид карданд, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. «Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд», — тазаккур доданд Эмомалӣ Раҳмон

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 27, 2022 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати молияи Тоҷикистон 81 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 331,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо ба роҳ монда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар самти таҳқиқоти геологӣ таҳким меёбад
Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид
Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд
Дар Ишкошим ‎ зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон Харитаи роҳ ба имзо расид
Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сохтори нав таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 ба зиёда аз 6 миллиард доллар баробар гардид