COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон якбора афзоиш ёфт

Декабрь 14, 2022 12:37

ДУШАНБЕ, 14.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қазоқистон дар як шабонарӯз 235 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз АБИ «Казинформ» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод.

«Ба ҳолати 14 декабр 1943 нафар (-1801+ ва 142 CVI-) табобатро аз сирояти коронавирус идома медиҳанд. Аз ин шумора 308 нафар дар беморхонаҳо буда, 1635 нафар табобати амбулаторӣ мегиранд. Миёни гирифторони CVI+ ва CVI- 10 нафар дар ҳолати вазнин, 2 нафар дар ҳолати шадид ва 2 нафари дигар зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор доранд», — хабар медиҳад Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон.

Як шабонарӯз пеш дар Қазоқистон 155 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда буд.

Дар Узбекистон омори гирифторон ба коронавирус нав шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустии ин кишвар хабар медиҳад. Давоми шабонарӯзи гузашта ин вирус дар 58 нафар ошкор гардидааст. Аксари гирифторон дар Тошканд (+46) ба қайд гирифта шудаанд. Дар дигар минтақаҳо то 4 ҳолати гирифторӣ ба ин вирус ошкор гардидааст.

Теъдоди гирифторони коронавирус дар Россия дар як шабонарӯз 5977 нафар ва шумораи ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 59 нафар афзоиш ёфт. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 13 декабр дар ситоди федералӣ оид ба мубориза бо сироят ба хабарнигорон иттилоъ доданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 14, 2022 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон