Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 14 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст

Декабрь 24, 2022 09:33

ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 11 моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 14 млрд 481,2 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадмоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Тавре маълум аст, соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб шуда, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имконияти содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар 11 моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 14 млрд 481,2 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 112 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 10669,6 миллион сомонӣ, чорводорӣ- 3811,6 миллион сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 13 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 110,6 фоиз, 116 ва 117,3 фоиз таъмин гардидааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 532072,4 тонна картошка, 585016,0 тонна сабзавот, аз ҷумла, 157293,1 тонна пиёз, 121711,5 тонна мевагӣ, аз ҷумла, 55847,3 тонна зардолу, 37329,6 тонна себ, 59337,6 тонна ангур ва 148091,6 тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст.

Яъне, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 истеҳсоли картошка 19999,9 тонна, сабзавот- 32821,8 тонна, ангур- 4931,5 тонна, полезиҳо- 41 тонна, мевагиҳо 29934,3 тонна, аз ҷумла зардолу 18341,3 тонна ва себ 4709,2 тонна афзудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Декабрь 24, 2022 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад