Дар арафаи Соли нави мелодӣ Раиси вилояти Хатлон аз қисми низомӣ дар ноҳияи Кӯшониён боздид намуд

Декабрь 30, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 30.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли нави мелодӣ Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз қисми низомӣ дар ноҳияи Кӯшониён боздид ба амал овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Раиси вилояти Хатлон дар қисми низомӣ бо ҳайати шахсӣ вохӯрда, аз намоиши техникаҳои ҷангию ҷараёни иҷрои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дидан кард.

Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки имрӯзҳо аз тарафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, Сарвари давлат нисбат ба насли ҷавон ва омода намудани шароити хуби буду боши сарбозону афсарони қисмҳои низоми ғамхориҳои зиёд зоҳир мешаванд. Президенти кишвар дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат диққати махсус зоҳир намуда, аз рӯзҳои аввали таъсиси Қувваҳои Муссалаҳ онро таҳти назорати доимӣ қарор додаанд. Зеро дар ҳама давру замон артиш пояи устувори давлат ба шумор меравад.

Сипас, Раиси вилоят сарбозони бемореро, ки дар беморхонаи ҳарбии гарнизони Хатлон ба табобат фаро гирифта шудаанд, аёдат намуд. Ҳангоми суҳбат маълум гардид, ки дар ин беморхона сарбозон аз тамоми қисмҳои низомии ҳудуди вилояти Хатлон бистарӣ кунонида мешаванд. Дар ин беморхона тамоми шароити ташхис, табобату пешгирии ҳама гуна бемориҳо муҳайё буда, табибони соҳибкасб пайи беҳдошти ҳифзи саломатии сарбозону афсарон аз тамоми имконият истифода мебаранд.

Ҳамчунин дар ин рӯз дар назди клуби қисми ҳарбӣ маъракаи ниҳолшинонӣ сурат гирифта, зиёда аз 1,5 ҳазор бех гулҳои садбарг ва 1000 бех ниҳолҳои гуногуни олу, зардолу,шафтолу, себ ва ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд.

АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 30, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд