Дар Бохтар корхонаи истеҳсоли гӯгирд ба фаъолият шурӯъ менамояд

Декабрь 16, 2022 09:28

ДУШАНБЕ, 16.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли гўгирд ба фаъолият оғоз менамояд. Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Марҳамат Давронова бунёд шуда, дар он 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, корхона тибқи нақша дар як шабонарӯз 300 қуттии калони гӯгирд истеҳсол мекунад. Иқдори солонаи корхона 110 ҳазор дона қуттии калон буда, бо дарназардошти талаботи бозор имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд мебошад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизот дар корхонаи истеҳсоли гӯгирд аз наздик шинос шуд. Масъулин иттилоъ доданд, ки фаъолияти корхона дар як баст ба роҳ монда шуда, дар он ду хати муосиртарини технологӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст. Барои истеҳсоли гӯгирд ашёи хом аз Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои хориҷӣ ворид мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст, ки ба истеҳсоли гӯгирд шурӯъ мекунад. Корхона дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ дода, бо таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти гӯгирдро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ мемонад.

Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳҳои мумфарш, хатҳои интиқоли қувваи барқ, шабакаи обу корез ва дигар шароити лозима фароҳам мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

 

Декабрь 16, 2022 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад