Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ» доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии маркази занон «Гулрухсор» ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ хабар доданд.
Зикр гардид, ки ҳамоиш бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқи оила, баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии ҷавонон, устувории нақши оила, бунёди оилаи солим, парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди ҷавонон, тараннуми арзишҳои олии оила, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва хушунати оилавӣ баргузор шуд.
Муовини Раиси ТҶ Маркази занон «Гулрухсор» Сабоҳат Бобоҷонова ва корманди маркази мазкур Умедахон Латипова иброз намуданд, ки мақсади гузаронидани ин гуна ҳамоиш- ҷалби диққати ҷомеа ба проблемаи зӯроварӣ нисбат ба занон, мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии бонувон ва коҳиш додани хушунати хонаводагӣ мебошад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ» сурат мегирад, ки он дар иртибот ба «Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкуниҳои ҳуқуқи занон» қабул гардидааст. Дар робита ба ин маърака дар тамоми вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ барномаҳои иттилоотӣ доир гардида истодаанд.
АКС: шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид






