Дар Душанбе дастрасӣ ба хизматрасониҳои устувории обтаъминкунию санитария боз ҳам беҳтар мегардад

Декабрь 5, 2022 14:19

ДУШАНБЕ, 05.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дастрасӣ ба хизматрасониҳои устувории обтаъминкунию санитария дар шаҳри Душанбе беҳтар шуда, низоми ташноби асосии пойтахт ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъмиру навсозӣ мегарданд. Ҳамчунин барқарорсозии чоҳҳо, истгоҳҳои насосӣ, қубурҳои магистралӣ, истгоҳҳои насосии навбати сеюм, шабакаи тақсимот дар минтақаҳои интихобшудаи марказҳои ноҳиявии ченкунии харҷи об, насби ҳисобкунакҳои об, ба кор андохтани низоми назорати диспетчерӣ ва ҷамъоварии маълумот низ роҳандозӣ мегарданд.

Дар ин маврид зимни баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Душанбе — маблағгузории иловагӣ», ки 1 декабр дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Зимни баррасии масъалаи мазкур муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ гуфт, ки ин лоиҳаи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) 18 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 42,6 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расид, ки аз он маблағҳои грантӣ 38 млн. доллари амрикоӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4,6 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

«Дар баробари ин, дар доираи лоиҳа бо мақсади баланд бардош­тани иқтидори занон барои такмили малакаҳои техникӣ ва зиндагӣ, тавонмандсозии бонувон аз ҷиҳати иқтисодӣ тавассути кумак ба онҳо дар оғоз намудани тиҷорат ва пайдо кардани кор, дастгирии занони гирифтори зӯроварӣ дар оила бунёди Маркази рушди занон ба нақша гирифта шудааст»,-илова кард Юсуф Маҷидӣ.

Дар иҷлосияи мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода гуфт, ки «зичии аҳолӣ, махсусан дар пойтахти кишварамон зиёд мушоҳида мегардад. Ва албатта, бо оби босифат ва саривақтӣ таъмин намудани онҳо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои муҳиму саривақтӣ мебошад. Хизматҳо ва талошҳои зиёди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти корҳои ободониву созандагӣ низ баръало мушоҳида гардида, ҳамарӯза мо шоҳиди нав­созиҳо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла сохтмону коммуникатсия гардида истодаем. Тасдиқи Созишномаи мазкур иқдоми сари вақтӣ ва басо муфид аст».

Ёдовар мешавем, ки вакилон якдилона ба ҷонибдории Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Душанбе — маблағгузории иловагӣ» овоз доданд ва он тасдиқ гардид.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: КВД «Обу корези Душанбе»

Декабрь 5, 2022 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад