Дар Душанбе масъалаи шомилшавии Тоҷикистон ба низоми GSP+ зимни муколама оид ба ҳуқуқи инсон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо ҳайати Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати анҷом додани муколамаи ҳуқуқи инсон бо Ҳукумати мамлакат дар доираи GSP+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар робита ба ин 6 декабр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовири асосии Комиссияи Аврупоӣ, Роҳбари ҳайати GSP+ Эва Синовес ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот кормандони масъули дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи фаъолияти мақомот, аз ҷумла, вазифаҳо, тағйиру иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, сохтори мақомот ва намояндагию қабулгоҳҳои он дар минтақаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Стратегияи фаъолияти мақомот ва самтҳои афзалиятноки он сухан гуфт.
Аз ҷумла, оид ба маърӯзаҳои пешниҳодшавандаи ҳарсола, самти фаъолияти иттиллоотонии мақомот ва сомонаҳои расмӣ, вазъи мутобиқати мақомот тибқи талаботи Принсипҳои Париж, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳадафҳои он, фаъолияти Гурӯҳи мониторингии назди мақомот маълумот пешниҳод гардид.
Хонум Эва Синовес ва ҳайати ҳамроҳонаш дар навбати худ дар бораи вазифаҳо ва фаъолияташон иттилоъ доданд.
Ҳамчунин аъзои ҳайат аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи мазмуну мундариҷаи Маърӯзаҳои солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, мавҷудияти сохтори алоҳида оид ба қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, вазъи ҳуқуқи инсон ва кӯдак дар ҷумҳурӣ ва мушкилоти мавҷуда дар ин самт, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», маблағгузории фаъолияти мақомот, вазъи ҳамкории мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, масъалаҳои bestpainrelievers.net Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми GSP+ ва дигар масъалаҳо пурсон шуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ иброз доштанд.
АКС: Хадамоти матбуоти ВҲИ








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






