Дар Хоруғ дар ҳамовозӣ ба ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоӣ доир шуд

Декабрь 22, 2022 14:41

ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар шаҳри Хоруғ ҳамоиши идона ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Дар роҳпаймоии оммавӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла собиқадорон, занону ҷавонон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Коллеҷи тиббӣ, кормандони идораву муассисаҳо ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода қабул гардидани панҷумин ташаббуси Тоҷикистонро дар масъалаҳои глобалӣ аз ҷониби СММ аз иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат дар самти ҳалли масоили экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пешгом аст, ки ин барои ҳар фарди ватандӯсти кишвар мояи ифтихору сарфарозӣ мебошад.


Тазаккур дода шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад оқибатҳои манфӣ ба бор орад.

Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» – ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда, аз тарафи 153 кишвари узви ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пуштибонӣ гардид, якдилона қабул намуд.


Ба назари коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025–Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ба баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ мебахшад.

Акс: МИҲД ВМКБ

Декабрь 22, 2022 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ