Дар китоби «Аз дидгоҳ ба воқеият»-и Штефан Колер зарфияти гидроэнергетикии Тоҷикистон инъикос ёфт

Декабрь 9, 2022 14:08

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади гиромидошти хотираи неки роҳбари Агентии энергетикии Олмон (dena) марҳум Штефан Колер дар арафаи ҷашни 70-солагии зодрӯзи ӯ китоби «Аз дидгоҳ ба воқеият» бахшида ба фаъолияти пурсамари мавсуф интишор ёфт, ки дар он зарфияти гидроэнергетикии Тоҷикистон низ дарҷ гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Китоби мазкур 24 мақолаи нафарони бо Штефан Колер ҳамкории наздикдоштаро дар мавзӯъҳои тадриҷан барҳам додани неруи ҳастаӣ, раванди гузариш ба энергияи сабз, ҳамкории фаромиллӣ, фаъолияти Агентии энергетикии Олмон, сиёсати энергетикӣ ва иқтисодӣ, пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, бартарияти манбаъҳои неруи таҷдидпазир ва ғайра ба ҳам овардааст.

Муаллифони мақолаҳо- Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер, собиқ ноиби Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисоду энергетика ва Вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон Зигмар Габриэл, нахустин Президенти Роҳи оҳани федеролӣ (Deutsche Bundesbahn) Ҳайнтс Дюрр, ҳаммуассиси ташкилоти экологии “GreenPeace”-и Олмон Моника Грифан, сиёсатмадор Алфред Таке, профессори калони Донишгоҳи Леупанаи Люнебург оид ба тадқиқоти устуворӣ Герд Михелсен, собиқ раиси Шӯрои назорати оператори неругоҳи электрикии “STEAG”, ҳамчунин Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ва дигарон мебошанд.

Бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, ташаббусҳои глобалии кишвар дар соҳаи об, татбиқи энергияи сабз ва даъвати доираҳои олмонӣ барои ҳамкории судманд дар ин самт мақолаи Сафири Тоҷикистон ба мавзӯи “Зарфияти энергетикии Тоҷикистон ва дурнамои рушди ҳамкории минбаъда” бахшида шудааст. Мақола аз панҷ зермавзӯъ иборат аст:

  • Гидроэнергетика ҳамчун манбаи марказии об;
  • НБО «Роғун»;
  • Зарфияти неруи офтобӣ ва бодӣ;
  • Раванди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ;
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон.

Дар мақола зикр гардидааст, ки таъмини аҳолии кишвар бо энергияи сабз дар афзалияти сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин робита Сарвари давлат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуда буданд, ки “бунёди неругоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ ҷиҳати таъмини рушди устувор ва боло бурдани сатҳи зиндагии на фақат мардуми Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат менамоянд”.
Ҳамчунин вобаста ба саҳми назарраси Штефан Колер дар амри пешбурди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла мулоқоти пурсамари ӯ бо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз иншооти гидроэнергетикӣ Сафири Тоҷикистон чунин ёдовар шудааст:

Вақте мо дар бораи Неругоҳи барқи обии “Роғун ҳарф мезанем, чеҳраи беғубору самимии дӯсти муштараки мо Штефан Колер, собиқ мудири Агентии энергетикии Олмон (dena) ба хотир меояд. Штефан яке аз ҷонибдорони ашаддии бунёди ин иншооти энергетикӣ буд, ки барои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим ба шумор меравад. Ӯ баъди боздид аз неругоҳҳои барқи обии “Норак” ва “Роғун” таъкид карда буд:

«Баъди боздиди имрӯза аз неругоҳи «Норак» андешаи ман дар бораи аҳамияти бузурги неругоҳи «Роғун», ки дар шароити монанд ба мавзеи Норак бунёд меёбад, боз ҳам қавӣ гардид ва ман минбаъд ширкатҳои олмониро ба иштирок дар татбиқи ин лоиҳа тарғиб хоҳам кард. Минбаъд мардуми Тоҷикистон метавонад маро сафири энергетикаи давлати худ дар Олмон бишуморад. Бинобар ин, иқдомҳои муассири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ — “Роғун” лоиқи таҳсинанд».


Ҳамчунин 13 сентябри соли 2013 Агентии энергетикии Олмон (dena) дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои “BAE Batterien GmbH”б “DPU Investment GmbH”, “AEG Power Solutions” ва “Enerparc und Roth & Rau” дар боми собиқ Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дастгоҳи пуркунандаи неруи офтобиро бо истифода аз технологияҳои олмонӣ барои истеҳсоли қувваи барқ насб карда буд.

Штефан Колер ба ояндаи НБО «Роғун» ва рушди манбаъҳои неруи таҷдидпазир дар Тоҷикистон назари нек дошт ва имрӯз мо мебинем, ки чӣ гуна ин неругоҳи барқи обӣ барои кишвари мо ва фаротар аз он аҳамияти калон дорад.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 9, 2022 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд