Дар Маҷлиси намояндагон татбиқи «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута дар мавзӯи татбиқи «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Қодири Қосим иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеа дар рӯзҳои аввалини фаъолияти кориашон ҳадафҳои стратегии миллии мамлакатро муайян намуда буданд. Яке аз ин ҳадафҳо- аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад.
Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар маҳсуб мешавад. Бинобар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаҳои соҳаи нақлиёт ва роҳсозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуд.
Ҳамзамон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани самаранокии бахшҳои иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст, таъмини дастрасии аҳолии ҳамаи минтақаҳо ба нақлиёт ҳамчун ҳадафи асосӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин раванд кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия тасмим гирифтааст, ки оид ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» муҳокимаи парлумонӣ баргузор намояд.
Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ пеш омад, раҳоӣ бахшидани кишварамон аз маҳдудияти коммуникатсионӣ, яъне кушодани роҳҳои мошингард, оҳану ҳавоӣ ва таъмини робита бо тамоми минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои дигар мебошад.
Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат аз соли 2000 шурӯъ карда, Стратегияи махсуси рушди комплекси нақлиётро ба роҳ монд, ки натиҷаҳои онро ҳар сокини кишвар возеҳу равшан эҳсос менамояд. Яке аз чунин ҳадафҳо- қабули «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» мебошад, ки дар заминаи амалишавии он якчанд шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳо сохта, дар истифодаи умум қарор дода шуданд. То ба имрўз теъдоди зиёди муассисаҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофирбарӣ, терминалҳои боркашонӣ, хатсайрҳои мусофирбар ва ширкатҳои нақлиёти байналмилалӣ фаъолият доранд, ки аз иқдоми навбатии ҳадафмандонаи Ҳукумати кишвар мебошанд.
Татбиқи пурраи ҳадафҳои дар Барномаи мазкур зикргардида, ки барои кишвари мо аҳамиятӣ стратегӣ доранд, солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳиму афзалиятнок дастгирӣ ёфта, роҳҳои мошингарду оҳан, нақбу пулҳо, марказҳои логистикӣ, майдонҳои ҳавоию долонҳои нақлиётӣ ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ бунёду таҷдид гардида, дараҷаи хизматрасонии онҳо ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Дар назди ҳозирин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло, муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода маърӯза намуданд.
Дар интиҳои муҳокимаи парлумонӣ бо назардошти дархост ва пешниҳодҳои иброзгардида қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуданд.
Дар кори муҳокимаи парлумонӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд.
Акс: МН МО ҶТ








Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид






