Дар Парлумон иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ баррасӣ шуд

Декабрь 15, 2022 14:55

ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ дар мавзӯи «Иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дилрабо Мансурӣ зимни ифтитоҳи муҳокимаи парлумонӣ иброз намуд, ки барои таъмини рушди соҳаи маориф даҳҳо барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2010 дар ҷумҳурӣ Соли фарҳанги техникӣ эълон гардида, ба рушду такомули ҳукумати электронӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи бомароми ҳадафҳои стратегиву барномаҳои давлатии ин соҳа ва омодакунии муҳандисони соҳаи технологияи иттилоотӣ- коммуникатсионӣ нақши назаррас дорад.

Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нави замонавӣ, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ бунёд ва таъсис дода шуданд, ки ин ҳама далели таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Зикр гардид, ки соли 2021 ва дар шаш моҳи соли 2022 дар мамлакат 247 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 110 ҳазор хонанда бунёд шуда, ба истифода дода шуданд. Ба ҳолати 1 сентябри соли равон қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар наврасони кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтарон дар муассисаҳои таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки 272 ҳазори онҳо (аз ҷумла 133 ҳазор духтарон) бори аввал ба мактаб қадам гузоштаанд. Ба онҳо зиёда аз 128 ҳазор нафар омӯзгорон дарс медиҳанд, ки беш аз 72 фоизашон бонувону занон мебошанд.

Шоистаи зикр аст, ки мо ба чунин дастовардҳо маҳз бо шарофати роҳнамоиву талошҳои бевоситаи Пешвои миллатамон ноил гардидаем.

Амалигардонии барномаи мазкур ба ҳалли якчанд масъалаҳо, аз ҷумла амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин соҳа ва татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мусоидат менамояд.

Дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси намояндагон Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Ҳасанзода сухан гуфтанд.

Дар интиҳои муҳокимаи парлумонӣ бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳои иброзгардида қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуданд.

Дар кори ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим иштирок намуд.

Акс: МН МО ҶТ

Декабрь 15, 2022 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд