Дар шаҳри Ставрополи Россия намоиши фарҳангу таърихи тоҷикон доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр дар Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ бори аввал рӯзи фарҳанги тоҷикон дар шаҳри Ставропол баргузор шуд. Барномаи фарҳангӣ намоиши либосҳои миллӣ, расму оин ва таомҳои тоҷикиро дар бар гирифт, ки писанди иштирокдорони чорабинӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.
Тибқи иттилои манбаъ, ин маъракаи фарҳангӣ ба 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, он дар саҳни Донишгоҳи мазкур бо шукўҳу шаҳомати хосса оғоз гардид. Иштирокдорони ин ҳамоишро асосан намояндагони халқиятҳои гуногуни ин кишвар ва ҷамъиятҳои онҳо ташкил дод.
Донишҷўёни тоҷики Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ, намояндагони Маркази фарҳангии тоҷикони Ставропол «Дӯстӣ», инчунин ҷавонони муқимии шаҳри Ставропол ва Краснодар талош намуданд, ки бо оростани дастархони пурнозу неъмати тоҷикӣ, ташкили намоиши либосҳои миллӣ ва расму оини тоҷикӣ дар сатҳи баланд ба иштирокдорони ин ҳамоиши фарҳангӣ оид ба миллати қадима будани тоҷикон ва таърихи бою рангин доштани онҳо маълумот бидиҳанд.


Мояи ифтихор аст, ки онҳо ба мақсади хеш расиданд. Баъди тамошои ин намоишгоҳ намояндагони миллатҳои гуногун таассуроти неки худро аз фарҳангу таърихи қадимаи халқи тоҷик иброз доштанд. Ба онҳо махсусан гузаронидани туйи хонадоршавии навҷавонон ва либосҳои миллӣ, аз ҷумла куртаи чакану атлас писанд омад.
Созмондиҳандагони чорабинӣ дар назди худ мақсад гузоштанд, ки минбаъд ҳамасола чунин маъракаи фарҳангиро, ки баҳри равнақу мустаҳкам гардидани дўстии байни миллатҳо ва шинохти якдигар мусоидат менамояд, барпо намоянд.
АКС: Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия










Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад






