Дар Швейтсария зарфияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳошияи «Саммити ҳамкории самаранок барои рушд 2022» мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Котиби давлатии Вазорати банақшагирии рушди Индонезия Тауфик Ханафӣ баргузор гардид, ки зимни он зарфияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуда, таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия бобати таҳким ва тавсеаи бештари робитаҳо дар арсаҳои гуногун имконияти фаровон доранд.
Инчунин дар ҷараёни вохӯрӣ аз тарафи муовини вазир зарфияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон манзур гардида, дар ин радиф ба ҷалби бештари сармоя даъват ба амал оварда шуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида иброз намуда, ба мувофиқа омаданд, ки дар фурсати наздиктарин барои муаррифии имконияти кишварҳо дар шакли видеоконфронс вохӯрӣ баргузор намоянд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид






