Дар Театри давлатии академии Лоҳутӣ директори нав таъйин гардид

Декабрь 28, 2022 12:57

ДУШАНБЕ, 28.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон директори нави Театри давлатии академии драмавии Точикистон ба номи А.Лохутӣ Абдукарим Машраб таъйин гардида, дар ин мақом Лутфулло Давлатзодаро иваз кард. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Лутфулло Давлатзода 20 декабри соли 1958 таваллуд шудааст. Соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм ва чанд муддат дар Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Конибодом кор кардааст.

Баъди адои хизмати ҳарбӣ аз соли 1981 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии Лоҳутӣ фаъолият карда, солҳои 2004-2009 сармуҳаррири идораи мусиқии Телевизиони Тоҷикистон буд.

То таъйин шудан ба вазифаи директори театр 6 сол ба ҳайси директори телевизиони «Сафина» кор кардааст. Аз соли 2015 инҷониб директори Театри давлатии академии драмавии Лоҳутӣ буд.

Абдукарим Машраб соли 1983 таваллуд шудааст. Ӯ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро хатм ва дар Театри давлатии академии драмавии Лоҳутӣ кор кардааст.

Ӯ ҳунарпешаи маъруфи театр ва киност. Падараш- Ибодулло Машраб ҳунарпеша ва коргардони шинохта, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва «Ситораҳои Иттиҳод» мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо фармони Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мавҷуда Саидова сардабири нави маҷаллаи занон «Фирӯза» (нашриёти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон) таъйин шуд.

Қаблан бо қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар ба Кохи фарҳанг ва Маркази иттилоотии шаҳри Бохтар номи собиқ роҳбари бадеии театр ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода, ки 17 феврали соли 2022 даргузашт, гузошта шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2022 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад