Давлаталӣ Саид бо Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 декабр дар доираи сафари корӣ ба Токио мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ҳаяши Йошимаса баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 1 декабр дар Токио ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид дар Форуми сармоягузории Осиёи Марказӣ зери унвони «Эҷоди пулҳо барои рушди устувор» ширкат намуд.
Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ (CAIF) бо ибтикори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Ҳукумати Ҷопон, Бонки ҳамкории байналмилалии Ҷопон, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва шарикони мизбон ташкил карда шуд.
Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи пленарӣ иштирок карда, дар бораи дастовардҳои кишвар дар сӣ соли истиқлол ва рушди сиёсати ҷалби сармоягузорӣ сухан гуфт.
Дигар аъзои ҳайат дар панелҳои тахассусӣ иштирок ва суханронӣ карда, ба суолҳои иштирокдорони форум посух гуфтанд.
Дар қатори ҳайати расмӣ дар ҳошияи форум инчунин шуморе аз соҳибкорони ватанӣ, ки дар форум ширкат доштанд, бо ҳамтоёни ҷопонии худ гуфтушунидҳои корӣ баргузор намуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Токио








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






