Доир ба татбиқи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Дафтари Тоҷикистонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе Конференсияи байниидоравӣ оид ба татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад.
Дар ҷаласа муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода доир ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат, аз ҷумла пешниҳодҳои ҷаҳонӣ оид ба обу экология ва тағйирёбии иқлим сухан гуфт.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои масъули иҷро, марказҳои орхус дар шаҳрҳои Хоруғ, Бохтар, Душанбе, шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт ва ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Мушовири миллӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зисти Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Душанбе Муҳаббат Камарова низ оид ба ҳадафҳои ташкилоти мазкур ва ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифи муҳити зист сухан гуфт. Таъкид шуд, ки саҳми Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе дар татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» назаррас буда, бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин самт ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






