«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». На танҳо ғолибият дар ин озмун, балки иштирок дар он низ мояи ифтихору сарфарозист

Декабрь 10, 2022 14:01

ДУШАНБЕ, 10.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 5 то 16 декабр дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён мегирад. Баҳри равшанӣ андохтан ба вижагиҳо ва тафовуту афзалияти он нисбат ба дигар озмунҳои ҳаммонанд мухбири АМИТ «Ховар» бо номзади илмҳои педагогӣ, Директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Асҳобиддини Шералӣ ҳамсуҳбат гардид.

Ба зикри Асҳобиддини Шералӣ, имсол даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур хеле дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гашта истодааст, ки бешубҳа, аз меҳнати масъулони он гувоҳӣ медиҳад.

«Нуктаи ҷолиб ва шарҳталаб он аст, ки аз аввал ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат таваҷҷуҳи сокинони кишварро ба худ ҷалб намуда, соҳаи маориф ва фарҳанги кишвар, ҳамзамон тафаккури мардумро ба самти пеш такон дод. Ҳамин аст, ки акнун аксарият на танҳо ғолибият дар ин озмун, балки иштирок дар онро низ мояи ифтихору сарфарозӣ медонанд»,-гуфт ӯ.

Ин озмун иқдоми шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Яъне шуҳрати «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз шуҳрати Пешвои миллат маншаъ гирифта, озмун ва худи он бо ном ва иқдомоти Ҷаноби Олӣ пайвастагӣ дорад. Аз онҷо, ки мактаби донишварӣ, сиёсат ва инсонияти Эмомалӣ Раҳмон то озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ шуҳрати ҷаҳонӣ дошт, мардум ба ҳар амалкарди ин марди наҷиб эътимоди комил доранд.

Раванди баргузории озмунро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан зери назар доранд. Сарвари давлат борҳо аснои суханрониҳояшон лаҳзаҳои баргузории озмунро ёдовар шуда, фаъолони онро ба осонӣ шинохтанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки баргузории озмуни мазкур аз аввал то охир зери назорати Пешвои миллат қарор дорад.

«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» истеъдодҳоро муаррифӣ ва баробариро таҷассум мекунад. Яке аз ҷиҳатҳои дигари ҷолиби диққати озмун ин аст, ки ҳар хоҳишманд, ҳатто аз дурдасттарин деҳаи кишвар низ имконияти дар он иштирок кардан дорад ва ҳамаи шароит аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллӣ барои онҳо фароҳам оварда шудаанд. Кушоду равшан ва бо иштироки чеҳраҳои саршинохти кишвар баргузор кардани озмун, инчунин инъикоси пурраи ҷараёни он тариқи воситаҳои ахбори омма шаффофияти онро таъмин намуда, эътимоди мардумро ҷалб кардааст. Ба ибораи дигар, ҳар иштирокчии озмун дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ мегардад ва маҳорати онро на танҳо аъзои ҳакамон, балки тамоми сокинони кишвар арзёбӣ мекунанд.

Ғолибият дар озмун имконияти бузург дорад. Пӯшида нест, ки ғолибони озмун мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, ба онҳо якчанд имконият, аз ҷумла идома ва беҳсозии кору таҳсил пешниҳод мегарданд. Сарвари давлат борҳо дар ҳузури ом ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои дахлдор супориши қатъӣ додаанд, ки ғолибони озмунро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намоянд. Ғолибони даври чорум ва барандаи Шоҳҷоиза, ки ба талаботи дахлдор ҷавобгӯ мебошанд, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун, ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд.

«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мафкурасоз аст. Яъне, иқдомоти дар зарфи ин солҳо дар доираи баргузории озмун татбиқгардида ба он мусоидат мекунанд, ки нуфузи ашхоси китобхон баланд гардида, дар ҷомеа аз эҳтироми боз ҳам бештар бархурдор гарданд. Табиист, ки насли наврас ба ашхоси бонуфуз пайравӣ мекунанд.

Озмун замоне баргузор мегардад, ки вазъияти геосиёсии ҷаҳон ҳассос аст. Пӯшида нест, ки дар вазъияти печидаи сиёсии ҷаҳон ҳамаи ҷонибҳо талош меварзанд, ки ба тафаккури насли наврасу ҷавон таъсир расонида, онҳоро «ба самти худ ҷалб созанд». Дар асри суръатҳои кайҳонӣ, ки роҳу усулҳои нотакрори гирифтани иттилоот мавриди истифодаи васеъ қарор доранд, яке аз роҳҳои таъсиррасонӣ пешниҳоди иттилоъ ва маълумот ба оммаи мардум мебошад. Метавон гуфт, ки Ҳукумати кишвар аз тариқи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зеҳн ва таваҷҷуҳи ҷавонону наврасонро ба китобу китобхонӣ машғул сохтаанд, то онҳо таҳти таъсири дигарон намонанд.

Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» касе мағлуб намешавад. Яъне, ҳатто агар иштирокчӣ дар озмун ғолиб наояд ҳам, медонад, ки иштирок дар он ва мутолиаи китобҳо барояш манфиатбор аст ва донишҳои андӯхтааш дар зиндагӣ барояш раҳнамо мегарданд.

Ҳамин тариқ, назари коршиносон ва ҷомеа ба баргузории озмун ва натиҷаҳои он комилан мусбат буда, он дар шароити печидаи вазъи таълиму тарбия воситаи муҳими ҷалби на танҳо хонандагону донишҷӯён, балки тамоми ҷомеа ба омӯзишу худтакмилдиҳӣ дониста мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 10, 2022 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд