ФУТБОЛ. Ҳамаи ширкаткунандагони даври чорякфиналии Чемпионати ҷаҳон дар Қатар муайян шуданд

Декабрь 7, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Португалия бо ҳисоби 6:1 дастаи Швейтсарияро  дар марҳиали 1/8- финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол мағлуб намуда, ба даври чорякфинали мусобиқот роҳ ёфт. Бозӣ дар Варзишгоҳи миллии Лусаил баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби Португалия Гонкало Рамос дар дақиқҳои  (17, 51, 67), Пепе (33), Рафаэл Геррейру (55), Рафаэл Лио (90+2)  ба нишон расониданд. Ягона голро дар ҳайати Швейтсария Мануэл Акандҷӣ зад.

Пепе куҳансолтарин бозигар дар таърих шуд, ки дар 1/8-финали Чемпионати ҷаҳон гол задааст. Ӯ 39 солу 9 моҳ дорад. Куҳансолтарин голзан дар таърихи ин мусобиқа камерунӣ Роҷер Милла аст, ки дар бозии марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон соли 1994 ба дарвозаи дастаи мунтахаби Россия (1:6) дар синни 42 солу 39 рӯз  ​гол зада буд.

Бори аввал дар 14 соли охир сарбони Португалия Криштиану Роналду як бозии муҳими мусобиқаро аз курсии захиравӣ оғоз кард. Дафъаи пеш дар чемпионати Аврупо дар соли 2008 ӯ ба ҳайати асосӣ дохил нашуд. Дар он вақт португалиҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ бо Швейтсария низ вохӯрданд ва бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрданд. Роналду тамоми бозиро дар захирагоҳ гузаронид. Дар мусобиқаи Қатар Роналду дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ ба муқобили Гана (3:2) аз ҷаримаи ёздаҳметара як гол зад.

Дастаи мунтахаби Португалия бори аввал соли 2006 ба даври чорякфинали Чемпоинати ҷаҳон роҳ ёфт ва дар ин мусобиқа мақоми чаҳорумро гирифт. Дар даври чорякфиналии Чемпионати ҷаҳон дар Қатар португалиҳо бо дастаи Марокаш бозӣ мекунанд. Ҳамчунин дар ин марҳилаи мусобиқот бозиҳои Аргентина — Ҳолланд, Бразилия — Хорватия ва Фаронса — Англия баргузор мешаванд.

Бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар дар панҷ шаҳр дар ҳашт варзишгоҳ баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби Бразилия аз ҳама бештар (панҷ бор) ғолиби ин мусобиқа шудааст.  Бозии финалии Чемпионати ҷаҳон дар Қатар 18 декабр дар Варзишгоҳи миллии Лусаил баргузор мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 7, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд