Ҳилолбӣ Қурбонзода дар нишасти ҷамъбастии Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон нишасти ҷамъбастии Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир шуд, ки дар он Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Нишаст бо иштироки намояндагони Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир шуда, дар он масъалаҳои «Сиёсати гендерӣ», «Занон, сулҳ, амният ва масоили марбут ба таъсири тағйирёбии иқлим ва вазъи занон дар Осиёи Марказӣ», «Соҳибкории занон», «Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон», «Занон ва об», «Таъсири тағйирёбии иқлим ба табақаи осебпазир», «Занон ва духтарон дар илм», «Рушди ҳунарҳои мардумӣ» ва дигар масоили марбут ба занону духтарон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, роҳбарони ниҳодҳои вобаста ба ҳалли масоили марбут ба занон ва оилаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия эъломияеро имзо карданд, ки дар он уҳдадории занон барои иштироки бештар дар ҳалли масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ эълом шудааст.
Имзои санад 13 майи соли равон дар Ашқобод зимни нишасти нахустин Муколамаи занон дар Осиёи Марказӣ ва Россия сурат гирифт, ки дар он Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Курбонзода ширкат дошт.
Дар ин ҳуҷҷат 11 банд мавҷуд аст, ки 3-тои аввал ба омодагии занони хизматчии давлатӣ барои иштироки фаъолона дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030, саҳм гузоштан дар суботи ҷаҳонӣ ва ҳифзи муҳити зист бахшида шудаанд.
Қисме аз ин санад ба фаъолияти роҳбарони Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Россия дар заминаи ҳимоят аз заноне, ки тиҷорати шахсии худро доранд, баҳои баланд медиҳад.
Дар доираи эъломия ба аҳамияти заҳматҳои занон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангии халқҳои давлатҳои дахлдор, рушди илму маориф, соҳаи тандурустӣ, санъат ва соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






