ҲИММАТИ БАЛАНД. Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов дар арафаи Соли нави мелодӣ ба сарбозону афсарони Қӯшунҳои дохилии ВКД кумаки моддию молӣ расонид
ДУШАНБЕ, 23.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов барои 2427 нафар сарбозону афсарони ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии мамлакат дастархони идона орост. Ҳамчунин ӯ ба 394 оилаи афсарон кумаки озуқаворӣ иборат аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва ба 100 нафар афсарзанон кумаки пулию моддӣ расонид.
Беҳуда нагуфтаанд: «Ҳиммати мард чун баланд бувад, Дар ҳама кор арҷманд бувад». Аз ҷумла соҳибкор барои 373 нафар афсарони дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дастархони идона ороста, ба оилаҳои афсарони фавтид ва маҷрӯҳ кумаки моддию пулӣ расонид. Ҳамчунин ба 18 нафар афсарзанон кумакпулиҳо ва туҳфаҳо тақдим намуд.

Дар яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ барои 1100 нафар сарбозону афсарон дастархон ороста шуда, ба 102 оилаи афсарон туҳфаҳои солинавӣ ва кумаки озуқаворӣ аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон, гушт ва ғайраҳо тақдим гардиданд. 25 нафар афсарзанони ин қисми низомӣ бо кумакпулиҳо ва туҳфаҳои солинавӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин ба 153 нафар афсарони қисми низомии дигари Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дастархони идона ороста ва кумаки моддӣ расонида шуда, 8 нафар кормандзанони ин қисми низомӣ бо маблағҳои пулӣ ва кумаки озуқаворӣ ҳавасманд гардиданд.






Дар қисми низомии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмудҷон Муродов бо ҳамроҳии сардори Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ Сухроб Раупов барои 801 нафар сарбозону афсарон дастархон ороста, ба 94 оилаи афсарон туҳфаҳои солинавӣ ва кумаки озуқаворӣ тақдим карданд. Инчунин ба 17 нафар афсарзанони қисми низомӣ кумакпулиҳо ва туҳфаҳои солинавӣ супориданд.
Соҳибкор ҳамчунин ба Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 адад телевизори плазмавӣ ва 15 адад миз барои дарзмолкунӣ тақдим кард.
Рустам ҶАМИЛЗОДА,
Тоҳирҷон САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

































Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади густариши ҳамкории илмӣ мулоқот доир шуд
Бо тоҷиконе, ки дар шаҳри Сочи фаъолият менамоянд, вохӯрӣ доир шуд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Единая Россия» санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Баргу хазонро насӯзонед, зеро он ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад!
4 монографияи муштараки олимони Тоҷикистон ва Чин муаррифӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Бразилия таҷрибаи Тоҷикистон дар самти мониторинг ва пешгӯии офатҳои табиӣ муаррифӣ гардид
Дилноза Аҳмадзода: «Сармоягузории давлат ба рушди зеҳнии кӯдакон ва наврасон ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад»
ПРЕЗИДЕНТ- КАФИЛИ ҲАСТИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш баргузор гардид
ПРЕЗИДЕНТИ МАН – ИФТИХОРИ МАН. Таҳти ин унвон аксияи ҷумҳуриявӣ идома дорад
«ПРЕЗИДЕНТ-КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конференсияи илмӣ доир шуд






