Имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии ИДМ баргузор мешавад

Декабрь 20, 2022 12:28

ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 декабр дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви ИДМ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.

Дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок мекунад.

Дар лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа ҳафт масъала гузошта шудааст. Муҳимтарини он- ҷамъбасти натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2022 мебошад. Доир ба ин масъала намояндаи доимии Ҷумҳурии Қазоқистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди ИДМ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Қазоқистон дар Беларус Аскар Бейсенбоев маълумот медиҳад.

Намояндагони доимии кишварҳои ИДМ масъалаи фиристодани ҳайатҳои варзиширо барои ширкат дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ баррасӣ хоҳанд кард. Мусобиқаҳо дар Беларус аз 3 то 15 августи соли 2023 аз рӯи 20 намуди варзиш баргузор мешаванд. Шумораи пешбинишудаи иштирокчиёни бозиҳо – варзишгарон, мураббиён, доварон, кормандони соҳаи тиб ва шахсони дигар ҳудуди 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Баргузории мусобиқаҳо дар шаҳрҳои Минск, Борисов, Солигорск, Молодечно, Брест, Орша, Жлобин, Гродно, Могилев дар назар аст.

Аъзои Шӯрои намояндагони доимӣ фаъолияти имсолаи худро ҷамъбаст намуда, нақшаҳои кориро барои соли оянда бо дарназардошти вазифаҳои афзалиятноки рушди ИДМ муайян мекунанд.

Ба ғайр аз ин дар ҷаласа баррасии ҷараёни иҷрои Нақшаи тадбирҳои асосии татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва пешниҳодҳо оид ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳод дар назар аст.

ДАР АКС: Сафири Фавкулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Маҳмадшариф Ҳақдод. Акси хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

 

Декабрь 20, 2022 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд