Имсол дар Суғд 151 корхонаву коргоҳи нав бо фарогирии 2820 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд

Декабрь 21, 2022 13:57

ДУШАНБЕ, 21.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят​ ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 2904 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида буд. Дар натиҷаи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавию минтақавӣ давоми 11 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 151 корхонаву коргоҳи нав бо фарогирии 2820 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар ин бора зимни баргузории Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум​, ки 20 декабри соли равон доир гардид, гуфта шуд.

​Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар иҷлосия зикр гардид, ки давоми 11 моҳи соли 2022 дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21759,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3595,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,6 фоизро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар вилоят аз ҷониби корхонаи муштараки «Зарафшон» корхонаи нави металлургӣ бунёд гардида истодааст, ки то имрӯз 95 фоизи корҳои он ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамчунин соли равон дар вилоят 12 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 269 ҷойи нави корӣ ва 3 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи корӣ ва даҳҳо корхонаҳои дигар таъсис ёфтанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»/Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 21, 2022 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид