Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 аз нав таҳия ва нашр мешавад
ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки аз оғози соли 2023 дар ҷумҳурӣ омӯзиш ва таҳияи нашри нави сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Масъалаи таҳияи нашри нави сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зимни ҳамоиш бо иштироки 35 нафар олимон, мутахассисон ва коршиносон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва вазорату идораҳои марбута баррасӣ гардид.
Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода доир ба моҳият ва нақши Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодири кишвар сухан намуд.
Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов роҷеъ ба талабот ва тартиби таҳия ва нашри Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, гуфт, ки тибқи талаботи ҷорӣ, Китоби сурх баъди ҳар даҳ сол бояд аз нав таҳия карда шавад.
Зимни ҳамоиш иштирокдорон доир ба таҳқиқу омӯзиши намудҳои набототу ҳайвонот, ҷамъоварӣ ва коркарди маводи илмӣ, дараҷабандии намудҳо, омода намудани рӯйхати намудҳои наве, ки зери таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд ва ворид намудани онҳо ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат табодули назар намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






