Комиссияи давлатии қабули Бадахшон дар якчанд иншооти энергетикии ноҳияҳои Рӯшону Ванҷ санҷиш гузаронид

Декабрь 14, 2022 10:36

ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Комиссияи давлатии қабули Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди санҷиш якчанд иншооти соҳаи энергетикаи вилоят дар ноҳияҳои Рӯшону Ванҷ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.

Комиссияи давлатии қабул таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси вилоят Низом Мирзозода нахуст бо фаъолияти зеристгоҳҳои барқии 110, 35 ва 10-киловолтаи мавзеи Даштаки ноҳияи Ванҷ ва деҳаи Вознавди ноҳияи Рӯшон аз наздик шинос гардид. Зимнан, ба сифати корҳои сохтмонӣ, ки сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расидаанд, баҳои баланд дода шуд.

Зикр гардид, ки ба кор даровардани ин ду пойгоҳи бузурги барқӣ ба коҳиши талафоти неруи барқ ва баланд бардоштани эътимоднокии он мусоидат мекунад.

Ҳамчунин хатҳои баландшиддати интиқоли барқи 110 кВ дар масофаи 9 километр аз самти маркази ноҳияи Рӯшон-шаҳраки Вомар то деҳаи Пастхуф ва хати интиқоли 110 кВ дар масофаи қариб 20 км аз Ҷамоати деҳоти Поршинев то деҳаи Бунӣ, инчунин хати интиқоли барқи 110 кВ дашти Язгулом то деҳаи Даштаки ноҳияи Ванҷ санҷида шуданд.

Тавре Низом Мирзозода зикр кард, корҳои бунёдӣ, ки аз ҷониби ширкати барқии «Помирэнерҷи» анҷом дода шудаанд, ба меъёри давлатию байналмилалӣ мутобиқат мекунанд. Чунин иқдом аз як тараф, агар дастрасии аҳолиро ба барқи хушсифат таъмин кунад, аз ҷониби дигар, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- таъмини истиқлолияти комили энергетикӣ заминаи боэътимод мегузорад.

Дар пайи боздиди чандрӯза инчунин гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи вилоят аз маҳалли сохтмони НБО-и хурди «Хатфат»-и Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшон дидан намуда, баъд аз санҷиши меъёрҳои давлатии қабул ба фаъолияти ин неругоҳ дар минтақаи дурдасти водии Бартанг расман иҷозат дод.

Сохтмони ин лоиҳа дар асоси қарори Шӯрои директорони ширкати «Помирэнерҷи» ба роҳ монда шуда, корҳои сохтмонӣ аз моҳи июни соли равон идома ёфтанд. Корҳои бунёдиро дар иншоот ҶДММ «Мадад»-и ноҳияи Шуғнон ба уҳда дошта, зерпудратчиёни сохтмон -ҶДММ «Мушарраф» ва ширкати чиноии «Худро Ту» дар дастрас ва насб намудани қубурҳои обгузар саҳм гузоштанд.

Таъкид гардид, ки ба истифода додани силсилаиншооти соҳаи энергетика дар вилоят имкон медиҳад, ки сокинони ин минтақаи баландкӯҳ фасли зимистонро бидуни мушкилӣ пушти сар намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки баъди ба истифода додани ХИБ 10 кВ деҳаҳои водии Бартанг, аз ҷумла Рошорв бо теъдоди 191 хоҷагӣ ва 1131 нафар аҳолӣ, Барчадев- 40 хоҷагӣ ва 215 нафар аҳолӣ, Япшорв- 55 хоҷагӣ ва 286 нафар аҳолӣ ва Нисур бо 47 хоҷагӣ ва 248 нафар аҳолӣ бо барқи хушсифат пурра таъмин гардиданд.

Акс: МИҲД ВМКБ

Декабрь 14, 2022 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад