Масъулини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои зиёд кардани маҳсулоти тару тоза ва бунёди токзори нав муваззаф гардиданд

Декабрь 13, 2022 11:42

ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо фаъолияти гармхонаҳо шинос шуд ва барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти тару тоза ба масъулин супориш дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 205 гармхона мавҷуд буда, дар онҳо помидор, бодиринг, кашнизу кабудӣ, инчунин гулҳои ороишиву мавсимӣ ва лимӯ парвариш карда мешаванд. Имрӯзҳо майдони кишт дар гармхонаҳо зиёда аз 17 гектарро ташкил дода, ҳосили он ба бозорҳои истеъмолӣ роҳ ёфтааст. Дар мавсими нави кишту парвариши сабзавот ва дигар зироат дар ноҳия 160 тонна помидору бодиринг, 75 тонна лимӯ ва 20 тонна маҳсулоти дигар истеҳсол карда шудааст.

Майдони кишт дар гармхонаҳо зиёда аз 17 гектарро ташкил дода, ҳосили он ба бозорҳои истеъмолӣ роҳ ёфтааст. Дар мавсими нави кишту парвариши сабзавот ва дигар зироат дар ноҳия 160 тонна помидору бодиринг, 75 тонна лимӯ ва 20 тонна маҳсулоти дигар истеҳсол карда шудааст.

Дар гармхонаи соҳибкор Илҳом Ҳомидов, ки мавриди боздид қарор гирифт, парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст. Масоҳати гармхона 0,30 га буда, дар он 450 бех лимӯ шинонида шудааст. Ниҳолҳо дар соли дуюм ба ҳосил даромадаанд ва ҳар ниҳол 18-20 адад лимӯ дорад.


Раиси вилоят зимни шиносоӣ барои зиёд намудани шумораи гармхонаҳо ва майдони кишт тавсия дода, илова намуд, ки бояд ҳар порча замин самаранок истифода бурда шавад.

Сипас, роҳбари вилоят аз филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздид кард.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар филиал бунёди боғу токзори интенсивӣ дар масоҳати умумии 22 гектар ба нақша гирифта шудааст. Аснои муаррифии лоиҳа маълумот дода шуд, ки дар 10 гектар токи хавозавӣ, 10 гектар гелос ва 2 гектар хуч бунёд шуда, парвариши ангури навъҳои «Тоифии гулобӣ», «Ҳусайнии сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», гелоси «Кардио» ва хучи навъи гулбутта ба роҳ монда мешавад. Ба иттиллои мутахассисон, дар соли дуюм ҳосил ба даст оварда мешавад.

Раиси вилоят ҳамзамон дар Боғи миллии «Ваҳдат» бо лоиҳаи таҷдиди токзор ва бунёди токзори нав шинос гардид. Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки бо анҷом додани корҳои агротехникӣ пайванди токи серҳосил бо истифода аз таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода оғоз меёбад. Истифодаи таҷрибаи пешқадам имкон медиҳад, ки навъҳои серҳосили ангур истеҳсол гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода барои татбиқи пурраи лоиҳа, ба анҷом расонидани шудгору ҳамворсозии замин тавсияҳо дода, изҳори боварӣ намуд, ки бо бунёди токзори замонавӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд хоҳад шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 13, 2022 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»