Меҳдӣ Таремии эронӣ яке аз беҳтарин нишонзанҳо дар таърихи дастаи футболи «Порту» гардид
ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ситораи дастаи мунтахаби Эрон оид ба футбол Меҳдӣ Таремии 30-сола ба феҳрасти беҳтарин нишонзанҳои таърихи дастаи Португалия шомил шуд. Бино ба гузориши сомонаи португалии OJOGO, Таремӣ дар раддабандии (рейтинги) голзанҳои яке аз бонуфузтарин ва муваффақтарин бошгоҳҳои Португалия ба рекорди рамзӣ расид.
Таремӣ пас аз баргашт аз Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар дар бозӣ бо дастаи «Визел» гол зад. Дар даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Лига ҳамлагари эронӣ боз ба муқобили «Жила Висенте» ҳисобро боз кард ва дар байни нишонзанҳои беҳтарин дар таърихи дастаи футболи «Порто» дар мақоми 25-ум қарор гирифт.
Футболбози эронӣ пас аз 118 бозӣ дар ҳайати кабуду сафедҳо аз Ҷалма ва Лисандро Лопес пеш гузашт ва ба 64 голи Тикиню Соарес баробар шуд. Яъне вай ба ҳисоби миёна дар як бозӣ 0,54 гол мезанад.
Ёдовар мешавем, ки ДФ «Порту» қаҳрамони 30-каратаи Португалия (аз ҷумла, дар мавсими солҳои 2021-2022), барандаи 18-каратаи Ҷоми Португалия, барандаи дукаратаи Лигаи чемпионҳои УЕФА, барандаи дукаратаи Ҷоми УЕФА, Суперҷоми УЕФА, финалисти Ҷоми дорандагони Ҷоми УЕФА, барандаи дукаратаи Ҷоми байниқитъавӣ (Ҷоми ҷаҳонии клубҳо) мебошад.
АКС: сомонаи FC Porto








Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд






