Музаффар Ҳусейнзода дар вохӯрии 12-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар шаҳри Ашқобод муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар вохӯрии 12-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ роҷеъ ба аҳамияти муборизаи дастҷамъона бо таҳдиду чолишҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва мушкилиҳои марбут ба тағйирёбии иқлим изҳори назар кард.
Музаффар Ҳусейнзода ширкаткунандагонро бо талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таҳкими муколама, бавижа дар чаҳорчӯби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ ҷиҳати пайдо кардани роҳҳалли муассири мубориза бо таҳдидҳои номбурда шинос намуд.
Таваҷҷуҳи ҳозирин ҳамчунин ба «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ва ҳамоишҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби он ҷалб гардид.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 8 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) вохӯрии 11-уми солонаи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим роҳбарӣ намуд. Инчунин дар мулоқот муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Азизбек Мадмаров, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Фурқат Сидиқов, муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вафо Ҳоҷиев, Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, роҳбари UNRCCA Наталя Герман, мудири Маркази мубориза бо терроризми СММ Ҷаҳонгир Хон, муовини Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон, муовини роҳбари Намояндагии СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон (UNAMA) Метте Кнудсен ва намояндагони кишварҳои мададрасон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистонро дар ин нишаст Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶҚ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев роҳбарӣ намуд.
Аснои нишасти мазкур ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккилона, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва мушкилиҳои иқтисодӣ-иҷтимоиро мавриди муҳокима қарор дода, инчунин роҷеъ ба дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар намуданд.
Дар чаҳорчӯби яке аз иҷлосияҳои вохӯрии мавриди назар ба марҳилаи 4-уми лоиҳаи муштарак зери унвони «Нақшаи муштараки амал: Дар роҳи татбиқи фарогири Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ» ҳусни оғоз бахшида шуд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






