Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 75-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ дар Қазоқистон иштирок намуд

Декабрь 12, 2022 16:14

ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода дар ҷаласаи 75-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 8-9 декабр дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, иштирок намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ниҳоди мазкур.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла мувофиқакунонии лоиҳаи Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти гумруки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ ва Созишнома оид ба тартиби гузоштани муҳр ва топпаҳои (штампи) гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (ҳамлу нақл) ва тиҷоратӣ аз ҷониби мақомоти гумруки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон масъалаҳои интихоби роҳбар ва котиби Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрук ва кумитаҳои роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ, тасдиқи лоиҳаи нақшаи кории Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрук ва Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ, сарфароз гардонидан бо нишони сарисинагии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ баррасӣ шуда, нисбат ба онҳо қарорҳои мушаххас қабул гардид.

Дар форҷоми ҷаласа масъалаи тасдиқи лоиҳа дар бораи ворид намудани тағйирот ба Номенклатураи ягонаи молҳои фаъолияти иктисодии хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва инчунин тасдиқи Низомномаи мубодила миёни мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба молҳое, ки аз ҷониби макомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ нисбат ба онҳо вайронкунии ҳуқуқи моликияти зехнӣ ошкор гардидаанд, бо дарназардошти мавқеи иштирокчиён дида шуданд.

Ҳамчунин зимни ҷаласа макони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нимаи якуми соли 2023 баррасӣ гардид.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2022 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид