НУҚТАИ САЙЁРИ МИЛИТСИЯ. Дар Суғд барои рушди ҳамкории милитсия ва ҷомеа чунин навгонӣ ба роҳ монда шуд

Декабрь 1, 2022 09:51

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти Нуқтаи сайёри милитсия аз навгониҳои хизматии милитсия ба аҳолист, ки дар доираи Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 роҳандозӣ ва дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мавриди амалу истифода қарор гирифтааст. Мавриди зикр аст, ки Нуқтаи сайёри милитсия микроавтобуси махсуси хизматии тамғаи «Газел-Некст»- ҳуҷраи кориест, ки барои шунидани арзу шикоят, таклифу пешниҳод ва дархостҳои аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ хабар дод.

Мавсуф иброз дошт, ки мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд 2 адад чунин микроавтобуси хизматиро дар ихтиёр дорад. Аниқтараш, 1 адад воситаи нақлиёти мазкур дар тавозуни шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии дастгоҳи Раёсат буда, нақлиёти дуюм ба шуъбаи-1 ВКД дар шаҳри Исфара вобаста шудааст.

Чанде қабл ҳайати гурӯҳи кории Нуқтаи сайёри милитсияи Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ (ШҲТҶ) Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба маҳаллаи Чашмаи арзанаи шаҳри Хуҷанд, ки аз маркази шаҳр дур ҷойгир аст, сафар намуд.

Зимни вохӯрӣ бо аҳолӣ ва ҳисоботи нозири минтақавӣ ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Валихон Ҳамдамзода, сардори ШҲТҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Рамзӣ Шосулаймонзода сухан гуфтанд.

Дар баробари муаррифии ҳайати гурӯҳи корӣ самтҳои фаъолият ва мақсади Нуқтаи сайёри милитсияро ба аҳолӣ фаҳмониданд. Ҳамчунин нозири минтақавии милитсия Хушвахт Ҷангиев ба сокинон оид ба вазъи ҷиноятии минтақа ҳисобот дод.

Дар ҷараёни мулоқот сокинони маҳаллаи Чашмаи арзана ба ҳайати корӣ вобаста ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ таклифу пешниҳодҳо карданд.

Дар идома аз имконияти Нуқтаи сайёри милитсия шаҳрвандон дидан намуда, арзу муроҷиати онҳо қабул гардид.

Ҳамин гуна мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои 3 ва 8-уми шаҳри Хуҷанд низ гузаронида шуд.

Дар Муассисаи давлатии таълимӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар маҳаллаи 8 вохӯрии ҳисоботии нозири минтақавӣ, лейтенанти калони милитсия Шодрӯз Шаропов доир гардида, иштирокчиён аз ҳолати воқеии ҷиноятии маҳалли зист дар давраи 10 моҳи имсол огоҳӣ ёфтанд. Маърузаи ҳисоботии нозири минтақавӣ фарогири вазъи ҷинояткорӣ, корбарӣ ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои самтӣ буд.

Дар ду минтақаи сафарбаргардидаи Нуқтаи сайёри милитсия ба шаҳри Хуҷанд, ки дар ҳар кадоме сесоатӣ идома кард, гурӯҳи корӣ 5 муроҷиат ва 11 таклифу пешниҳоди аҳолиро ба қайд гирифт.
Ҳафтаи гузашта дар маркази Ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара низ Нуқтаи сайёри милитсия ба аҳолӣ хизмат расонид. Чорабинии хизматӣ бо иштироки намояндагони ВКД баргузор гашт. Ба аҳолӣ мақсаду мароми роҳандозӣ шудани Нуқтаи сайёрӣ милитсия фаҳмонида шуд, ки ҳадафи он хизматрасонӣ дар ҷойҳо ба аҳолӣ, наздиксозии алоқаи мақомоти милитсия бо сокинон ва дар ин замина рушди ҳамкории милитсия ва ҷомеа мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот нозири минтақавӣ ба аҳолӣ ҳисобот дода, таклифу пешниҳодҳои онҳо шунида шуд.

Нуқтаи сайёри милитсия имконият фароҳам овард, ки сокинони Ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара мушкилоти алоқаманд ба фаъолияти милитсияро дар ҷойи зисти худ ҳал намоянд.
Аз ин баъд аз рӯи нақша ҳафтае як маротиба ҳайати кории нуқтаҳои сайёри милитсия ба минтақаҳои дур аз маркази шаҳру ноҳияҳо сафарбар шуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонад.

АКС: РВКД дар вилояти Суғд

Декабрь 1, 2022 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад