Ғолибону ҷоизадорони Суперлигаи футзали Тоҷикистон дар соли 2022 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар шаҳри Душанбе Лигаи футзали Тоҷикистон маросими ҷамъбастии мавсими 2022-ро доир намуда, беҳтаринҳо ва ғолибону ҷоизадорони Суперлигаи футзали Тоҷикистонро қадрдонӣ кард, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар маросим роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футзали кишвар ва меҳмонони зиёд ширкат намуданд.
Маросимро ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, ғолибону ҷоизадорони мавсими анҷомёфтаро муборакбод гуфт. Баъдан ба беҳтаринҳои мавсим ҷоизаҳо тақдим карда шуданд.
Ҷоизаи «Чеҳраи умедбахш»-и солро бозингари дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Идрис Ёров гирифт.
«Беҳтарин легионери чемпионат» Муҳсин Муҳаммадзодаи эронӣ аз дастаи «Соро компания» дониста шуд. Ҳамлагари дастаи «Ориёнбонк» Ибодулло Назиров бо ҷоизаи «Беҳтарин бозигар миёни дастаҳои ҳаваскор» сарфароз гардид. Ҷоизаи «Fair Play» насиби бозингари ҷавони дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Насратшо Исмоилов шуд.
Тибқи фарзияи гурӯҳи «Pure Game» дар Facebook Абдуқаюм Умаров, ки дар ҳайати дастаи «Истиқлол» соҳиби медалҳои нуқраи чемпионат гардид, беҳтарин бозигар дониста шуд. Голи беҳтарини мавсим голи дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон задаи дарвозабони «Истиқлол» Фирӯз Бекмуродов ба дарвозаи «Соро компания» эълон шуд. Ҷоизаи довари беҳтарини чемпионат ба Суҳроб Сатторов аз Турсунзода супурда шуд. Собирҷон Гуляков аз дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд беҳтарин нишонзани мавсим гардид. Сармураббии дастаи «Соро компания» Пайрав Воҳидов беҳтарин мураббии сол эълон шуда, сарвони дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Файзалӣ Сардоров бори дуюм ҷоизаи беҳтарин футзалбози Тоҷикистонро ба даст овард.
Илова бар ин дар маросими ҷоизасупорӣ ба бозингароне, ки ба ҳайати рамзии чемпионат шомил гардиданд, ҷоизаҳои инфиродӣ супорида шуданд. Ғолибону ҷоизадорони Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 низ бо медалҳо сарфароз гардиданд.
Акс: ФФТ








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






