Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мубориза бо хурофоту ифротгароӣ — муҳимтарин вазифаи мақомоти давлатӣ ва тамоми ҷомеа»

Декабрь 29, 2022 10:28

ДУШАНБЕ, 29.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин вазифаи мақомоти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи Тоҷикистон — мубориза ба муқобили хурофоту ифротгароӣ мебошад. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабр дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд.

Мубориза ба муқобили хурофоту ифротгароиро Сарвари давлат яке аз вазифаҳои муҳимтарину афзалиятноки мақомоти амнияти миллӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату ниҳодҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла аҳли маориф, сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин зиёиён, падару модарон, фаъолон, ходимони дин ва тамоми ҷомеа арзёбӣ намуданд.

Бо дарназардошти густариши таҳдидҳои глобалӣ – терроризм ва экстремизми байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакатро вазифадор намуданд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва маҳорату малакаи касбӣ, омодагии ҷангӣ, сатҳи саводу маърифатнокӣ, донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, инчунин маданияти касбии кормандони соҳа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии хавфу хатарҳои терроризму экстремизм ба амнияту суботи ҷомеа, ҳолатҳои воридшавии ашхос ва гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳудуди мамлакат ва пешгирӣ аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову экстремистӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 29, 2022 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сабаби сар задани сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар чист? Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
Дар Суғд маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид
5 июн дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаи таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима шуд
Маъракаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар шаҳри Ваҳдат амалисозии «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» баррасӣ гардид
Дар вилояти Суғд маъракаи даъвати баҳорӣ анҷом ёфт
5-6 июн дар шаҳри Гулистон ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор хоҳад шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Тоҷикистон дар мубориза бо маводи мухаддир устувор аст
«КӮКНОР-2023». Имрӯз дар вилояти Суғд амалиёти пешгирикунанда оғоз мегардад
Кормандони шуъбаву хадамоти фаврии мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон малакаи касбияшонро баланд мебардоранд
«КӮКНОР-2023». Дар вилояти Суғд амалиёти пешгирикунанда гузаронида мешавад