«РӮЗЕ МЕРАСАД, КИ БА ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН НИЗ РОҲХАТ МЕГИРЕМ!». Чунин изҳори умед намуд дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» собиқ бозингари тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол Суҳроб Ҳамидов

Декабрь 7, 2022 12:10

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Суҳроб Ҳамидов 47-сола, собиқ бозингари тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол, чемпиони секаратаи Тоҷикистон, барандаи дукаратаи Ҷоми Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми Президенти КФО, нишонзани беҳтарини Лигаи олии Тоҷикистон дар солҳои 2004 ва 2007 мебошад. Феълан дар вохӯриҳои байни дастаҳои Лигаи олии футболи мамлакат аз ҷониби Федерасисияи футболи Тоҷикистон ҳамчун комиссари бозӣ иштирок менамояд.

Суҳбати мо бо ӯ ба яке аз рӯйдодҳои асосии варзишии олам – Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки ҳоло дар Қатар мегузарад, бахшида шуд ва қабл аз шуруи бозиҳои плей-офф (бозии хуруҷ) сурат гирифт.

— Ҳоло Чемпионати ҷаҳон мегузарад ва бисёриҳоро дар сар фикру ҳавои футбол аст, бинобар ин хостем бо чанд суол ба шумо, ки аз мутахассисони варзидаи ин навъи варзиш дар кишварамон ҳастед, муроҷиат намоем.

— Сипос аз шумо ва гӯш мекунам.

— Ман аз айёми хурдиатон шуморо мешинсам ва медонам, ки аз солҳои мактабхонӣ ошиқи футбол будед. Ба ҳар ҳол, аз куҷо ва кадом рӯз ин ишқ дар дилатон пайдо шуд?

— Зинда бошед (табассум мекунад). Ростӣ, мушаххас ёд надорам аз куҷо… Тавре шумо медонед, манзили истиқоматии мо дар назди мактаб буд ва мактаб майдончаи хуби варзишӣ дошт. Ҳар рӯз дар он ҷо футболбозӣ мекардем. Майдон аз саҳар то бегоҳ пур аз одам буд. Хурду калон ҳама футболбозӣ мекарданд. Аз ҳамон вақт ман ба ин бозӣ дил бастам. Хато накунам, вақте дар синфи 7 ё 8 мехондам, падарам шавқу рағбати маро ба футбол дида, маро ҳамроҳашон ба тамошои бозии дастаи овозадори «Помир» мебурданд.

— Медонам, падаратон барҳақ мухлиси самимии футбол буданд. Падаратон Саъдулло Ҳомидов ва бобоятон Ҳомид Раҷабов дар мактаб кор мекарданд ва аз омӯзгорони барӯмандтарини ноҳия маҳсуб меёфтанд. Тарбиягари асил буданд ва на танҳо фарзандону наберагони худ, балки ҳамаи шогирдонашонро дӯст медоштанд, муҳаббати онҳоро ба ин ё он шуғл парвариш медоданд.

— Бале, чунин буд…

— Ва ҳамин хел шумо футболбозиро пешаи асосии худ интихоб кардед ва футболбози касбӣ шудед. Аввалин дастаи касбие, дар ҳайати он ба майдон баромадед…

— Дастаи «Ситора-2», ки дар чемпионати шаҳри Душанбе ширкат мекард. Ба он ҷо маро мураббӣ Аъзам Каримов (Худо биёмурзадашон) барои санҷиш бурданд ва ба ҳайат қабул намуданд. Дертар бозии маро дида, ба ҳайти дастаи лигаи якум «Бофанда» пазируфтанд. Аз соли 1993 муддати чор сол дар ҳайти он он будам. Соли 1997 ба дастаи «Шахтёр»-и Солигорски Беларус рафтам, дар дастаи «Эскибастузетс»-и Қазоқистон ҳам бозӣ кардам. Баъд ба Тоҷикистон баргаштам ва ба дастаи «Варзоб» пайвастам, дар ҳайати он ду маротиба чемпиони Тоҷикистон ва ду маротиба барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудам…Сипас дастаҳои дигар ҳам буданд, чун «Регар-ТаАЗ» (Турсунзода), «Хима» ва «Энергетик»-и Душанбе, ки дар онҳо низ бозӣ кардаам.— Дастовардҳои шумо қобили таҳсинанд: ду маротиба нишонзани беҳтарини Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, се маротиба чемпиони Тоҷикистон, ду маротиба – дорандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон, се маротиба – барандаи Ҷоми Тоҷикистон, як маротиба – барандаи Ҷоми президенти АФК… Бигӯед, ки барои футболбози беҳтарин шудан чӣ бояд кард, кадом хислатҳо дар мадди аввал меистанд?

— Барои футболбози беҳтарин шудан, пеш аз ҳама, меҳнат, меҳнат ва боз ҳам меҳнат кардан даркор. Дар тамринҳо тамоми гуфтаҳои мураббиёнро бояд ба ҷо овард ва пас аз тамринҳои даста дар алоҳидагӣ низ машқ мебояд кард. Бояд бозӣ кардан дар тамоми қисматҳои майдонро, ҳам дар хати муҳофиза, ҳам ниммуҳофиза ва ҳам хати ҳуҷум хуб омӯхт. Ва дар назди худ дар ин ё он давра ҳатман мақсади муайян гузоштан лозим. Пасон, одами хоксор будан даркор.

— Албатта хоксорию фурӯтанӣ ба ҳама зарур аст, новобаста ба касбу кор ва синну сол. Барои футболбози беҳтарин шудан ин хислат чӣ тарз кумак мекунад?

— Ҳамон тавре кумак мекунад, ки пойдорию устуворӣ дар вақти бозӣ мададрасон буда метавонанд. Фурӯтанӣ барои он лозим аст, ки ба ҳамдастаҳо ва мураббиҳо бовару эҳтиром дошта бошӣ, вагарна муваффақ шудан ғайри имкон аст. Хоксорӣ инсонро аз баҳсу талоши беҳуда, ки асабро хароб ва баданро афсурда мосозад, дур нигаҳ медорад. Афсурдагӣ бошад монеи муваффақият дар ҳама гуна кор мегардад.

— Суханони Лионел Месси ба ёд меоянд, ки дар як мусоҳибааш гуфта буд: «Ман ҳамеша дар бораи он фикр мекунам, ки инсони хуб бошам, на дар бораи он, ки футболбози беҳтарин бошам».

— Ва бубинед, маҳорат ва рафтору кирдори ин бозингар дар майдон нишон медиҳанд, ки ӯ ҳам футболбози беҳтарин аст ва ҳам инсони хуб.

— Бале. Воқеан, дар Чемпионати имсолаи ҷаҳон дар Қатар бозии кадом дастаҳо ва кадом бозингарон ба шумо бештар писанд аст ва барои чӣ?

-Бозии дастаҳои Бразилия, Франсия ва Испания. Аз бозингарон, албатта, Месси, инчунин Мбампе, Ришалиссон, Жиру. Барои чӣ инҳо? Барои он ки аз аввал то охири бозӣ заҳмат мекашанд, ором намегиранд, бепарво намешаванд, тактикаю техникаи олӣ доранд.

 — Ба фикри шумо, кадом дастаҳо имкон доранд соҳиби се ҷои аввал шаванд?

— Ҳамон се дастае, ки гуфтам – Бразилия, Испания, Франсия. Ҳарчанд мегӯянд, пешгӯӣ кардан кори беҳудае беш нест. Махсусан дар варзиш.

— Вақте мебинем дастаҳои мунтахаби кишварҳое чун Коста Рика, Гана, Сенегал, Камерун ба даври гуруҳии Чемпионати ҷаҳон роҳ меёбанд, беихтиёр чунин фикр ба сар меояд: шояд навбати Тоҷикистон ҳам бирасад? Дар ин бора фикри шумо чист? Оё тими миллии Тоҷикистон метавонад бо дастаҳои пуркуввати дунё рақобат кунад? Барои ин чӣ лозим аст?— Шояд не, бояд навбати Тоҷикистон бирасад! Барои ин чӣ лозим аст? Агар фикр кунед, ки дар ҷои аввал маблағ меистад, ин тавр нест. Чуноне Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша баён медоранд: «Дар дунё ягон кори намешудагӣ нест, фақат завқу хоҳиш доштан лозим». Саддарсад дуруст аст: агар завқу хоҳиш бошад, куҳро низ чаппа кардан мумкин. Бубинед, Федератсияи футболи Тоҷикистон мутахаасисони хориҷиро даъват кард ва тими миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърих ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт, ки он аз 16 июн то 16 июли соли 2023 дар Чин баргузор мешавад. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон низ, тавре шумо медонед, дар гуруҳи худ ҷои аввалро соҳиб шуд ба ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё баромад, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон доир мегардад.

Аз ҳама муҳимаш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои равнақи футбол дар кишвар тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд. Ҳукумати мамлакатамон Барномиаи давлатии рушди футболро қабул кардааст, ки мавриди амал қарор дорад.

Албатта ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ва чун собиқ футболбози тими миллӣ орзу дорам, ки онро дар Чемпионати ҷаҳон- 2026 (дар ИМА, Мексика ва Канада баргузор мешавад – Тавз. АМИТ «Ховар») бинам.

Фикр мекунам, албатта мешавад бо дастаҳои пурқуввати ҷаҳон бозӣ кардан ва ҳатто ғалаба кардан. Чуноне дастаи «Истиқлол» инро собит сохт, вақте чанд сол пеш бо дастаҳои пурқувати Осиё ба таври шоиста бозӣ кард. Умедворем, ки дастаҳои «Хуҷанд» ва «Равшан» низ тайерии хуб дида, бозии арзанда нишон медиҳанд.

— Ташаккур барои суҳбат. Комёбиҳо насиби шумо ва футболи Тоҷикистон бод!

— Саломат бошед!

Саид АЛӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Федератисияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 7, 2022 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Баъди бозӣ бо «Эсхата» ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҷоми чемпиони Тоҷикистон супорида мешавад
4 варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд
Дар бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ғолиб муайян нашуд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» дастаи футболи «Хуҷанд»-ро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими Афғонистон пирӯз шуд
Асламҷон Азизов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ямали Русия соҳиби медали тилло шуд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба тими Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Ҳайати ҳакамони Тоҷикистон бозии дӯстонаи Непал ва Афғонистонро дар Душанбе доварӣ мекунад
ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс доир гардид
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид